Дар бораи китоб:
Китоби “Машъалафрӯзи маърифат” аз ҳаёту фаъолияти ибратбахши Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон устод Рустамҷон Ҳасанов ҳикоят мекунад.
Қисмати аввали китоб “Меҳрнома” унвон гирифта, аз маҷмӯи лавҳаву хотираҳои дӯстон ва ҳампешагону шогирдони устод мураттаб гардидааст. Қисмати дувуми китоб, ки “Давлати мустақилро мактаби мустақил мебояд” ном дорад, мақолаҳои таҳлиливу соҳавии Рустамҷон Ҳасановро вобаста ба умдатарин масъалаҳои мактабу маориф дар бар мегирад.
“Зиндаёд” номи бахши сеюми китоб аст, ки онро шеърҳо дар васфи Рустамҷон Ҳасанов ва зодбуми ӯ деҳаи зебоманзари Басманда зинати тоза мебахшад.