Кароматулло Олимов. Китобномаи шарҳиҳолӣ

Мураттибон:  Ш. Тошев, Н. Содикова
Ношир: «Адиб»
Саҳифа: 72
Соли нашр: 2004
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 266 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 8 нафар

Дар бораи китоб:
Китобномаи мазкур ба ифтихори 60 – солагии зодрӯзи файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов таҳия шудааст.
Китобнома шомили мақолаи муқаддимавӣ, ду қисм ва кӯмакфеҳристҳо буда, осори илмӣ, илмӣ – методӣ, таълимӣ, бадеӣ, асарҳои таҳриркардаю тартибдодаи Кароматулло Олимов ва адабиёти ба ҳаёту фаъолияти ӯ доирро дар бар мегирад.
Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти илмию эҷодӣ ва натиҷаи умдатарин таҳқиқотҳои Кароматулло Олимов маълумоти мушаххас медиҳад.
Китобнома маводи солҳои 1962–2004 интишорёфтаро фаро мегирад. Унвони асарҳо (бо истиснои забонҳои форсӣ, англисӣ, немисӣ) бо забони асл, тибқи стандарти маъмул тасвир шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шудаанд. Асарҳое, ки тавассути сарлавҳаашон дарки мазмуни нашр душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *