Дар бораи китоб:
Китоби нави Муҳаммадрасул Иброҳимзода, «Алами калам», ки дар асоси панҷ асари у «Офтоби паси абрҳо», «Панди авлиё», «Васияти пеш аз марг», «Аз Ромит то Бухорову Дарвоз» ва «Ситораҳои пурҷило» мураттаб шудааст, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ, рафтору кирдори шахсиятҳои гуногунро дар лаҳзаҳои ҳассос инъикос менамояд.
Донистани воқеоту ҳодисоти он даврони фоҷиабор, оқибати беандешагию ба доми шахсони худхоҳу манфиатҷӯ ва бадкин афтодани мардуми содадил, шарри ҷангу кинаи ҳасуд барои ҷавонон аз манфиат холӣ нест. Дар аввали асар эҳсосоти қалбии муаллиф бо дарду алам нисбат ба баъзе инсонҳои гаразгир баён шудааст.