Дар бораи китоб:
Дар китоб таърихи бештар аз садсолаи матбуот ва рўзноманигории тоҷик, лаҳзаҳои асосии харакати демократӣ дар Осиёи Миёна, ташаккул ва инкишофи матбуоти ҳизбию шўроӣ, пайдоиш ва ташаккули матбуот, радио ва телевизиони мустақил таҳлил шудааст. Инчунин, оид ба муҳимтарин нашрияхои ба забони тоҷикӣ ва соири забонҳои кишвар нашршуда маълумоти фаровон дода шуда, дар он масъалаҳои муҳими матбуот таҳлилу икъикоси худро ёфтааст.
Ин китоб бо номи «Таърихи матбуоти тоҷик» бори аввал тавассути нашриёти «Маориф» соли 1997 чоп шудааст. Дар нашри нав муаллифон онро ба куллӣ такмил карданд.