Террори ғурур

Муаллиф: Сайёфи Мизроб
Ношир: ҶСК «Матбуот»
Саҳифа: 120
Соли нашр: 2016
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 588 Кб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 49 нафар

Дар бораи китоб:

«Террори Ғурур» китоби саввуми Сайёфи Мизроб аст, ки чун кутуби қаблӣ даъват ба хештаншиносӣ, миллатпарастӣ, ҳифзи дастовардҳои давлати Тоҷикон, поси Ғурур, Нанг, Ор, Шараф ва Номуси миллӣ мекунад. Хонанда аз ин баҳри пурсадаф барои худ бисёр гавҳари носуфта мебардорад. Мо Метавонем!


Дар бораи муаллиф:

Сайёфи Мизроб (Сайф Достиев; тав. 25 апрели 1966, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Муассис, молик ва сардабири ҳафтаномаи «СССР».

Зиндагинома

Сайф Достиев 25 апрели соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №6, ба номи А. Рӯдакӣ дар соли 1983 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, солҳои 1984-1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Пас аз хидмати ҳарбӣ ба донишгоҳ баргашта, дар соли 1988 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербург) шомил шуда, соли 1991 онро бо ихтисоси журналист хатм кардааст.

Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.

Фаъолияти корӣ

Солҳои 1991-1992 хабарнигори ҳафтаномаи «Оинаи Зиндагӣ», 1992-1993 хабарнигори ҳафтавори «Тоҷикистон, 1993-1996 хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», 1996-1998 хабарнигори «Чархи Гардун», 1998-1999 сардабири ҳафтаномаи «Самар», 1999-2001 муовини сардабири «Ҷавонони Тоҷикистон», 2001-2006 муассис ва директори генералии Маркази информатсионии «Хатлон-Пресс» ва солҳои 1998-2008 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон буд.
Аз соли 2008 инҷониб муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР» аст.

Китобҳо

  • «Муштҳои бедорӣ» (2011)
  • «Сафардидаи Маккавӣ» (2012)
  • «Терори ғурур» (2016)

Ҷоизаҳо

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ба номи А. Лоҳутӣ дар соли 2012. Дар Рӯзи 100-солагии матбуоти Тоҷик, 12 марти 2012 аз тарафи Президенти ҶТ бо ҷоизаи давлатӣ – медали «Барои Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.