Дар бораи китоб:
Китоби дарсии «Таърихи адабиёти навини тоҷик» васоити омӯзишӣ буда, равишу тамоюлҳои асосии инкишофи адабиёти навини тоҷикро аз нимаи дуюми асри XIX то ба рӯзҳои мо фаро мегирад. Китоб бо назардошти дидгоҳҳои нав оид ба арзишҳои асосии бадеӣ ва тамоюлҳои ташаккулу таҳаввули адабиёти навини тоҷик таълиф шудааст.
Китоб барои донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳои факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ, факултетҳои ховаршиносии кишвар, ҳамчунин ҳамаи алоқамандони адабиёти тоҷик тавсия мешавад.