Дар бораи китоб:
Бо воситаи роҳнамои таълимии мазкур хат ва қоидаҳои имлои матнҳои классикӣ бо хатти насх омӯзонида мешавад. Дастур аз қисматҳои алифбо, имло ва намунаи осори манзуму мансури классикон иборат аст. Дар қисмати алифбо саҳифаҳои махсус барои машқи хат пешбинӣ гардидаанд.
Роҳнамо барои донишҷӯён, хонандагон, худомӯзон ва, умуман, алоқамандони соҳа пешниҳод мегардад.
Дар бораи муаллиф:
Хуршед Мамадисоқович Камолов — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
Хуршед Мамадисоқович Камолов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1998) ва аспирантураи он (2007). Аз соли 1999 то имрӯз омӯзгори донишгоҳи мазкур. Аз соли 1999 ассистенти кафедра, аз соли 2002 муаллими калон ва аз соли 2010 дотсени кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ осори илмию методиаш дар саҳифаҳои рӯзнома, маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр гардидаанд.
Осор
Ибораҳои изофӣ. –Душанбе: Баҳманрӯд, 2011. -155с (монография). Хаттотии китоби дарсии Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он (муаллиф Қосимова М.Н., 2002); Барномаи таълимии забони тоҷикӣ (барои забономӯзони хориҷӣ). –Душанбе, 2011(дастури методӣ). Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои Типологияи забоншиносӣ ва минтақаҳои забонӣ (2012), Забоншиносии иҷтимоӣ (2012).