Дар бораи китоб:
Дар китоби шоир ва муҳаққиқи таърихи бостон Мӯҳтарам Ҳотам «Ҳинди гумшуда» роҷеъ ба сарзаминҳое, ки дар номаҳои куҳани орёҳиндӣ «Ригведо», «Маҳабҳарата», «Пурон»-ҳо, «Рамаяна» ва дигар асарҳо зикр гардидаанд, бори нахуст дар ҷуғрофияи нав – шарқи Осиёи Миёна, хусусан минтақаҳои Тоҷикистон, Фарғона, ғарби Хитой ва ноҳияҳои атрофашон таҳқиқот сурат гирифтааст. Ҳамчунин роҷеъ ба сарнавишту маънои чанде аз вожаҳо таълифот пешниҳод гардидааст. Дар қисмати дуввуми китоб силсилаи шеърҳо бахшида ба ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор ҷой дода шудаанд.