Дар бораи китоб:
Китоби «Хуросон аст ин ҷо» бори нахуст соли 1996 ба хатти форсӣ ва соли 1997 ба хатти тоҷикии криллӣ чоп шуда буд. Он чоп ба ҳиммати Бунёди Оли Сомон ва сарвари он шодравон Абдулқодири Холиқзода, инчунин бо саховати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сарвари он – вақтаи он оқои Муҷтаҳиди Шабистарӣ суратпазир омад.
Банда «Хуросон аст ин ҷо»-ро дар солҳои 1992-1995 навиштаам. Он солҳо ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки талоши бародаркушӣ буд, авҷ ёфта, миллатро ба сӯи худкушӣ мебурд ва кишварро хароб мекард. Андешаҳои ҷонкоҳе, ки аз ин фоҷиаи миллат пайдо шуда буданд, дар ин кттоб акс ёфтаанд. Мақсад аз тадвини ин китоб он буд, ки шояд барои ин ки дар айни саргармии талошҳо миллатро ба худ оварем, як зарра ҳисса гузошта бошам.
Бархе аз масъалаҳое, ки дар ин китоб баррасӣ шудаанд, ҳанӯз аҳамият доранд ва фардову пасфардо ҳам аҳамият аз даст нахоҳанд дод. Аз ин рӯ лозим дониста шуд, ки нашри дувуми онро омода созам.
Мутаассифона, ба сабаби пириву нотавонӣ ҳангоми омода кардани чопи дувуми ин китоб натавонистам онро ҷиддан аз назари вироиш бигзаронам. Матн фақат дар баъзе ҷойҳо андак қалам хӯрд. Пешгуфтору пасгуфтор каме тағийр ёфт. Боби «Истилоҳот ва забони миллӣ» аз ин китоб бароварда шуд. Онро ба як китоби дигар, ки дар бораи имрӯзи забони форсии тоҷикӣ омода кардан дорам, дохил мекунам.
Аз чизҳое, ки солҳои баъд навишта шуд, рисолаи «Ҳувияти фарҳангӣ ва ҷаҳонгароӣ»-ро ба китоби «Хуросон аст ин ҷо» илова кардам.
Албатта, пешгуфтори муфассали равоншод Лоиқи зиндаёд, ки барои чопи якуми ин китоб навишта буд, нигоҳ дошта шуд. Ин навиштаи Лоиқ мояи ифтихори банда аст ва намехоҳам, ки аз чопи нави китоб берун бимонад. Лекин лозим донистам ба шеъре дар бораи банда, ки Лоиқ дар охири ин пешгуфтор овардааст, таҳрирҳои баъдии ӯ (дар чопи рӯзнома ва маҷмуаи ашъор) ба назар гирифта ва дохил карда шавад.
Бо хоҳиши баъзе аз дӯстон лозим дониста шуд, ки китобчаи банда «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ» (1999, Душанбе, Оли Сомон) низ ба ин ҷилд илова шавад. Мақолаҳои ин китоб низ асосан дар ҳамон солҳои бӯҳрон навишта шудаанд ва аз он солҳо зиёд нақш доранд. Лекин боз ҳам бисёре аз масъалаҳое, ки он рӯз матраҳ шуда буданд, имрӯз ҳам муҳимманд ва ба назар мерсад, ки ба ин қарибиҳо аҳамият гум намекунанд. Бино бар ин нашри дувуми он лозим дониста шуд. Чопи дувуми ин китобча низ бидуни вироиши ҷиддӣ сурат мегирад.
Умед аст, ки хонандагони азиз, ки ба мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар ин китоб алоқамандӣ доранд, андешаҳои худро баён мекунанд, то ки барои равшан шудани масъалаҳо кӯмак карда бошанд. Эшонро пешакӣ сипос арз мекунам.
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ
2 – III – 2005