Дар бораи муаллиф:
Зиндагинома
Унсурмаолӣ дар ибтидои асри XI таваллуд шуда, то охирҳои ҳамин аср умр ба сар бурдааст. Ӯ яке аз охирин намояндагони сулолаи Зиёриён аст, ки дар асрҳои X-XI дар ноҳияи Кӯҳистон, ки Табаристон, Гургон, Гелон, Рай, Дайламистон барин мавзеъҳои қисмати шимолии Эронро дар бар мегирифт ҳукмронӣ доштанд.
Кайковус ҳосили издивоҷи Искандар ибни Қобуси Зиёрӣ ва духтари Марзбон ибни Рустами Бовандӣ буд.
Бобои Кайковус Шамсулмаоли Қобус ҳам аз аҳли илму фазл буда, донишмандону суханварони соҳибистеъдодро пуштибонӣ мекардааст. Тасодуфӣ нест, ки донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ яке аз маъруфтарин асарҳои худ Осор-ул-боқияро бо эҳтироми зиёд ба ӯ бахшидааст. Худи Қобуснома ба ду забон – форсии дарӣ (тоҷикӣ) ва арабӣ эҷод мекардааст, ки ашъори парокандаи дар сарчашмаҳо боқимонда ва рисолаи “Камол-ул-балоғат” барин асарҳои ӯ аз қобилияти хуби суханвариаш гувоҳӣ медиҳанд. Вай ҳамчунин дар хушнависӣ салиқаву маҳорати баланд доштааст.
Азбаски Унсурулмаолӣ амирзода буд, чун дигар давлатмандон ҳанӯз дар синни ҷавонӣ илму ҳунарҳои гуногуни замонаашро хуб омӯхтааст.
Унсурмаолии Кайковус дар чунин муҳит тарбият ёфта, ҳануз дар навраси илму ҳунарҳои гуногунро аз худ намуда буд. Чунон ки дар фасли «Андар парвардани фарзанд» бармеояд, падари Кайковус ба тарбияи ӯ диққату ғамхории зиёд зоҳир намуда, барои таълиму омӯхтани ҳар гуна касбу ҳунарҳо ба ӯ мурабиёну устодони гуногунро сафарбар мекардааст.
Ин аст, ки вай аввал дар навоҳии шимоли Эрон волӣ буд ва минбаъд дар дарбори Султон Масъуди Ғазнавӣ солҳои 1041-1049 надим будааст. Ӯ шахси донишманд буд ва таҷрибаи фаровони ҳаётӣ ҳам дошт.
Ба гуфтаи худи ӯ дар панҷоҳ солагӣ аз нӯшидани шароб тавба кард ва ба сафари Ҳаҷ раҳсипор шуд. Дар бозгашт ба Ганҷа рафт ва надими дарбори Амир Абуссавор Шовур бин Фазли Шадодӣ шуд. Пас аз ин иттилооти чандоне аз Кайковус вуҷуд надорад.
гуфта мешавад ӯ дар 67 солагӣ дар Қафқоз аз олами фонӣ рахти сафар барбаст ва ба олами хомӯшон пайваст.
Осор
Аз Кайковус ба мо Қобуснома мерос омада расидааст.
Кайковус бо мақсади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани вай дар сини 63-солагӣ ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи Қобуснома машҳур аст.
Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «шарти падарӣ» бо мақсади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбияви ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халқҳои тоҷику форс ҷовидони сабт намуд.
Бо ҳуруфи имрӯзаи тоҷики мунтахаби “Қобуснома” бори аввал соли 1968 аз тарафи адабиётшинос Девонақулов дар шакли китобчаи алоҳида таҳти унвони “Насиҳатнома” нашр гардид. Ин асар бо номҳои гуногун аз қабили “Насиҳатнома”, “Панднома”, “Андарзнома” низ ёд мешавад.
Насри гузаштаи тоҷику форс ҳам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шоистаеро дорост. Қобусномаи Унсурмаолии Кайковус дар силки он дурдонаҳоест, ки зиеда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.
Кобуснома аз 44 боб иборат буда, ҳар боби он ба яке аз масъалаҳои гуногуни ахлоқу одоб, расму оин, маишату рӯзгордорӣ, оилаву хонадори таҳсилу таълим, омӯзиши касбу ҳунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар паҳлуҳои зиндагии инсон бахшида шудааст.