Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ — шоири адабиёти классикии форсу-тоҷик Низомиддин Убайдуллоҳ, мутахаллис ба Убайди Зоконӣ ва машҳур ба Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бузургтарин ҳаҷвнавис буда, фасоди замон, иллатҳои даврон ва нуқсонҳои табақаи ҳокимӣ чамъиятӣ феодалиро ҳаҷву маҳкум менамояд.

Убайди Зоконӣ — шоири адабиёти классикии форсу-тоҷик Низомиддин Убайдуллоҳ, мутахаллис ба Убайди Зоконӣ ва машҳур ба Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бузургтарин ҳаҷвнавис буда, фасоди замон, иллатҳои даврон ва нуқсонҳои табақаи ҳокимӣ чамъиятӣ феодалиро ҳаҷву маҳкум менамояд. Ӯ соли 1270 дар Қаряи Зокон,ки аз тавобеи Қазвин буд, ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии Убайди Зоконӣ дар Қазвин гузашта, дониши мадрасагиро ӯ дар Шероз фаро гирифтааст. Низомиддин Убайдуллоҳи Зокони, ки бо тахаллусҳои Убайди Зоконӣ, Убайди Зоконӣ ва Убайдуллоҳи Зоконӣ машҳур аст, соли 1270 дар деҳаи Зокони музофоти Қазвин дар оилаи вазири собиқ ба дунё омадааст.

Аҳвол ва осор

Аз Убайди 3оконӣ осори мансуру манзуми начандон зиёд, вале аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзӯъ бой боқӣ мондааст.Машҳуртарин асари мансури Убайди 3оконӣ «Ахлоқ-ул-ашроф» (1340) мебошад, ки аз 7 боб иоорат буда, масъалаҳои панду ахлоқро дар бар мегирад. Ҳар боб аа ду қисм иборат аст, ки муаллиф онҳоро «мазҳаби мансух» ва «мазҳаби мухтор» номидааст. Дар «мазҳаби мансух» Убайди 3оконӣ афкору андеша ва назариёти гузаштагон, дар «мазҳаби мухтор» афкору ақоиди муосирони худро дар бораи масъалаи асосии боб баён кардааст. Барои тасдиқу тақвияти фикр байту мисраъҳо, ҳикоятҳои воқеӣ ва иқтибос аз ҳадисҳо овардааст. «Ахлоқул-ашроф» аз ҷиҳати тарзи баён ва услуб ҷолиби диққат аст. Нависанда фикру ақоиди танқидии худро аз яоми гузаштагон баён карда, худро аз таъқибу таҳдиди рӯҳониён эмин медорад.

Дар рисолаи «Сад панд» (1349— 50) масал, мақол ва ҷумлаҳои андарзи фароҳам омадаанд. Ба қавли муаллиф пандҳоро ӯ аз «сухани уламо ва ҳукамо»-и гузашта (Афлотун, Анушервон ва дигар) интихоб кардааст, «то нафъи у [асар] умуми халоиқро шомил гардад». «Даҳ фасл» ном асари Убайди 3оконӣ ба шакли фарҳанг (луғат)-и тафсирӣ сохта шудааст. Муаллиф истилоҳоти ба 10 мавзӯъ дахлдорро интихоб карда, онҳоро ба маънии маҷозӣ ва киноявиашон шарҳ додааст. Убайди 3оконӣ дар ин асар ба ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ, ҳаёти ҳунармандону донишмандон дахл карда, ҳокимону ашрофон ва рӯҳониёнро сахт танқид намудааст.

«Рисолаи дилкушо» ҳикоёт ва латоифи зарифро дар бар мегирад. Чоряки ҳикоёти рисолаи мазкур ба забони арабист. Мавзӯи ҳикояҳои «Рисолан дилкушо» аз танқиди вазъияти замон — харобию қашшоқии мазлумон, бехонумонӣ ва гуруснагӣ, танқиди подшоҳон, рӯҳониён, бидъат ва хурофоти динӣ, такаббур, ғурури аъёну ашроф, танқиди зулму золимӣ, сахтии аҳволи аҳли илму адаб, мазаммати шоирони маддоҳ, танқиди воизони беҳудагӯӣ, тамаъкорӣ ва фиребгарии қозиён, макру фиреби синфи ҳоким, танқиди бухлу ҳасад, соддагии қазвиннён, ҳозирҷавобин Одамони оддиву камбағал ва ғайра иборат аст. «Ришнома» асари ҳаҷвиест, ки ба насри мусаҷҷаъ ва омехта бо порчаҳои манзум таълиф шуда, дар шакли мунозираи риш (Ришуддин Абулмаҳосин) ва Убайди Зоконӣ сохта шудааст. Риши худро таърифу тавсиф мекунад, ҳамсуҳбаташ бошад, хусусиятҳои бади ӯро баён карда, дар тасдиқи фикраш ҳикоятҳо меорад. Мақсади Убайди 3оконӣ дар «Ришнома» танқиди зоҳирпарастӣ, одобу кирдори ношоистаи як гурӯҳ ришдорон, аз ҷумла, рӯҳониён, ҳокимон ва дигар мебошад.

«Мактуботи қаландарон» асари мансурест, иборат аз ду нома (номан шайх Шнҳобудднни қаландар ва ҷавоби мавлоно Ҷалолуддин ибни Қисомуддини Ҳиравӣ). Дар ин асар Убайди 3оконӣ сабки норавшану номафҳуми номанигорӣ ва истилоҳоти номаҳои қаландаронро ҳаҷв кардааст. Дар «Куллиёт»-и Убайди 3оконӣ боз як зумра асарҳои мансури ӯ, аз қабили «Наводир-ул-амсол» (ба забони арабӣ), «Фолномаи буруҷ», «Фолномаи вуҳуш ва туюр», «Мақомот» (дар сабки мақомҳо) номбар шудаанд, ки то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидаанд.

Дар «Куллиёт»-и Убайди 3оконӣ ба ғайр аз асарҳои мансур якчанд асарҳои манзум қасндаҳо, ғазалҳо, рубоиёт, муқаттаот, таркиббанду тарҷеъбандҳо ва маснавиҳо (тақрибан 3500 байт) фароҳам омадаанд. Убайди 3оконӣ қасоид ва якчанд ғазалу рубоӣ, қитаот ва таркиббандҳояшро ба шоҳону султононе, ки дар дарборашон хидмат мекард, бахшидааст. Дар қасоиди Убайди 3оконӣ номҳои шахсон ва воқеоти таърихи, лаҳазоти зиндагии шоир аикр шудаанд. Аз ин ҷиҳат онҳо дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аҳамияти калон доранд. Ғазалиёти Убайди 3оконӣ дар мавзӯоти анъанавии адёбиёти форс-тоҷики асри 14— ишқу ошиқӣ, танқиди шайхону рӯҳониён, зӯҳду зоҳидон, тарриби риндӣ таълиф шудаанд. Дар онҳо ҳам лаҳазоти зиндагии шоир инъикос ёфтааст. У аз камбағаливу нодорн ва ҳамеша гирифтори қарз буданаш шикоят кардааст. Ин гуна шикоятҳо дар рубоиёт ва қитъаҳои шоир низ ба назар мерасанд.

Достояи «Мушу Гурба». Мақсади асосии муаллиф дар ин достони тамсилӣ (ҷанги гурба ва мушон) «муддао»-ест, ки фаҳмидани онро ба хо- нанда ҳавола кардааст:

Чони ман панд гир аз ин кисса,

Ки шавӣ дар замона шодоно.

Ғараз аз «Мушу Гурба» бархондан,

Муддао фаҳм кун, писарҷоно.

«Муддао»-и Убайди 3оконӣ, бешубҳа, ҷангу ҷидоли байни ҳокими Кирмон Муборизудднн ва Абӯисҳоқи Инҷӯ аст, ки шоир шоҳиди зиндаи он воқеот буд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки «Мушу Гурба» достони таърихии сиёсист, ки дар он воқеоти замони муаллиф ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Дар достони дигари Убайди 3оконӣ «Ушшоқиома» аз ошиқи андӯҳгин, мукотибаи ошиқу маъшуқ, боздиди онон, дахолати рақибон, беэътибории маъшуқ нисбат ба ошиқ сухан меравад. Дар ин достон барои тақвияти фикр ва вобаста ба ҳолати рӯҳии қаҳрамонон Убайди 3оконӣ аз эҷодиёти худ ва шоири асри 13 Ҳумоми Табрезӣ ғазалҳои ишқӣ овардааст.

 

Убайди 3оконӣ гарчанде дар мавзӯъ ва мазмунҳои гуногун асарҳои манзуму мансур офаридааст, дар таърихи адабиёти форс-тоҷик бо асарҳои ҳаҷвиаш маълуму машҳур мебошад. У дар замони ноором, замони ҷангҳои дохилӣ барои тоҷу тахт ва бетартибию бенизомиҳо зисва, бо ҳаҷви тезу тундаш, ки як навъ муборизаи иҷтимоӣ буд, эътирози худро аз ин ҳарҷу марҷ ба воситаи танқид ва хандаву истеҳзо баён намуда, ҷасорати бадеии фавқулода нишон додааст. Дар замони мо ҳам қимати бадеии ҳаҷви Убайди 3оконӣ заррае накостааст. Дар асрҳои миёна намояндагони аъёну ашроф, рӯҳониён ба ҳар воситае кӯшидаанд моҳияти иҷтимоӣ, мазмуну мундариҷаи асарҳои Убайди 3окониро ночиз гардонда, худи шоирро чун базлагӯй ба қалам диҳанд. Ин ақоид дар оғози давраи нахустини омӯзиши эҷодиёти Убайди 3оконӣ ба илми муосир роҳ ёфта буд, вале минбаъд назари муҳаққиқон ба осори Убайди 3оконӣ ҷиддитар гардид ва он мувофиқи мақому манзалаташ баҳои сазовор гирифт.

Аз забони Убайди Зоконӣ
Бираву бар хатиби шаҳр бигӯй!

Таҳсили ибтидоии Убайди Зоконӣ дар зодгоҳаш ва шаҳри Қазвин сурат гирифта, дониши мадрасагиро ӯ дар Шероз ба даст овард. Инчунин ӯ дар хат, иншо, нуҷум ва амсоли инҳо моҳир гашт, бар замми забони модарии худ дар араби хам устод буд ва туркиро низ хуб медонист.Убайди Зокони баъди ба охир расидани таҳсил аз Шероз ба Казвин баргашта, кози таъйин мегардад ва ҳамчунин дар мактаб кудаконро таълим медихад. Такрибан соли 1327 Убайдро дар Багдод мебинем, ки ба вазири Султон Абусаиди Элхони (1317-1335) Хоча Алоуддини Мухаммад дар хидмат аст. Дар ҳамин сол Убайди Зоконӣ дар Багдод асари худ «Наводируламсол» – ро ба забони араби навишта, ба ин вазир такдим менамояд. Вай ҳангоми вуруди худ ба Багдод, яъне соли 1327, барои подшоҳи он кишвар Султон Абдусаид дар илми балогат бо номи илми маонию баён рисолае навишта хостааст пешкаш намояд. Мукаррабони ин подшоҳи мугул гуфтаанд, ки шоҳи мо ба чунин рисола илтифоту эхтиёч надорад. Убайд қасидаи дигаре эҷод намуда, мехоҳад, ки онро дар ҳузури Абусаид кироат кунад. Ба ӯ мегуянд, ки шоҳи мо токати шунидани дуруги маддохони таъмакор надоранд. Ин хол Убайдро музтариб месозад. Дар ин ҳолат ӯ ба гуфтани алфози ракик шурӯъ мекунанд. Убайди Зокони дар Багдод зиндагии ғамангезу ногувореро аз сар мегузаронд. Дур аз ёру диёр, муфлису бечора, дар чанги бебизоати, нодори ва эхтиёч ба балои карз гутида, аз дасти карзхохон чои гурез надошт. Худи ӯ мефармояд:

Маро карз хасту дигар хеч нест,
Фаровон маро харчу зар хеч нест.

Вай «Наводируламсол»-ро бо умеди он навишта буд, ки вазир Хоча Алоуддин уро ба подшоҳ тавсия кунад, то ки тарбият бинад ва ба ин восита аз карзхо рахо шавад. Аммо вазири мазкур ин мақсади шоирро ба амал наоварда уро ноумед кард. Адиби хачвнигор Хоча Алоуддинро дар яке аз шеърҳояш бо тахкир ёдовари кардааст:

Ин вазирак надорад мар судам,
Гу, мадех, з-у ба ман зиён нарасад.

Баъди тахти Шерозро соҳиб шудан ва дар караму ҷавонмарди ба тарбияи суханварону донишмандон ном баровардани Шайх Абуисхок Убайди Зокони тақрибан соли 1346 аз Багдод роҳи Шерозро пеш гирифта, ба хидмати вазири Абуисхок (1341-1357) Амидулмулк камар баст ва дар ин вазифа 10-12 сол хидмат кардааст. Убайди Зоконӣ соли 1350 маснавии «Ушокнома»-ро барои Абуисхок навишта, дар ашъори дигараш хам ин амиру вазирро ба неки ёд мекунад. Соли 1357 амири Кирмон Муборизиддин Шерозро истило намуда, Абуисхокро ба қатл расонд. Мухити адабии Шероз пароканда шуд. Ва шоир ночор Шерозро тарк намуда, боз роҳи Багдодро пеш гирифт.

Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
Вах, к-аз ин рафтани ночор чи хунин чигарам!

Мувофики навиштаи Давлатшоҳи Самарканди (асри ХV) Салмон, ки дар дарбори Султон Увайс эътибор ва обруи калон дошт, бо сабабе аз Убайди Зокони ранҷида, уро хаҷв, балки тахкир мекунад:

Чаханнамию хичогу Убайди Зокони,
Мукаррар аст ба бедавлатию бедини!
Агарчи нест зи Казвину рустозод аст,
Валек мешавад андар хадис казвини!

Ин қитъа ба гуши Убайд расида буд. Дар Багдод мулокоти нахустини Убайди Зоконӣ ва Салмон дар канори Дачла вокеъ гардидааст. Салмон он чо дар ихотаи наздикони худ фарогат дошт. Мачлиси ахли завкро дида, Убайд он чо дохил мешавад. Салмон аз Убайди Зоконӣ пурсид, ки аз кучост.Убайд гуфт: Аз Казвин.Салмон боз пурсид: Номи Салмон оё дар Казвин маъруф ва аз ашъораш чизе машҳур аст ё на? Убайди Зоконӣ гуфт: Китъае аз ашъори ӯ бисёр машҳур аст ва ин бихонд:

Ман хароботияму бодапараст,
Дар хароботи мугон ошики маст.
Мекашандам чу сабу душ ба душ,
Мебарандам чу кадах даст ба даст!

Он гоҳ гуфт: Агарчи Салмон марди фозил аст ва метавон ин қитъаро ба вай нисбат дод, аммо гумони голиби ман он аст, ки ин қитъа аз зани ӯ бошад. Албатта, ин қитъа дар назираи рубоии машҳури Салмон эҷод гардидааст, ки ин аст:

Дидам санаме харобу маст афтода,
Дар дасти мугони майпараст афтода.
Аз май чу сурохи шуда афтону хазон,
В-он гах чу кадах даст ба даст афтода.

Салмон аз ҳозирчавоби, зарофат аз лутфи сухани гуянда пай бурд, ки назди ӯ Убайд аст, макдамашро ганимат шумурд ва узри хичои вай бихост. Убайди Зоконӣ гуфт: Эй Салмон бахтат ёвари кард, ки зуд ба эътироз икдом намуди ва аз шарри забонам расти. Дар ин миён писарони амир Муборизиддин-Шох Шучоъ ва Шох Махмуд бар алайхи падари худ исён бардошта, падар аз тахт дур карда, ба чашмонаш мил кашиданд. Шох Шуҷоъ, ки то ин вакт хокими Кирмон ва Абаркӯҳ буд, соли 1358/59 ба тахти салтанати Шероз нишаста ва то соли 1383 хукумат ронд. Убайди Зокони хабари маъзул шудани Муборизиддин ва чулуси Шох Шучоъро шунида, тақрибан соли 1360 ба Шеъроз баргашт ва дар хакки Шох Шучоъ қасида гуфт. Охири умри Убайди Зокони дар хидмати Шох Шучоъ дар Шероз ва Кирмон гузаштааст.Соли 1365 Шох Шучоъ аз дасти бародараш шикаст хурда, ба Кирмон гурехт. У Убайди Зокониро низ хамроҳи худ бурд. Убайд дар ишора ба ин воқеа менависад:

Ба юмни давлату икболи шоҳи банданавоз
Маро ба ҷониби Кирмон кашида бахт инон.

Тахайюровараш он аст, ки Убайди Зокони, ки дар ин вакт пирамарди 96 – сола буд, дар 87 – солаги аз Шероз ба Багдод рафт, тақрибан дар 90 – солаги аз Багдод боз ба Шероз баргашт, то 100 – солаги дар сафарҳои подшоҳону хакимон ба онҳо хамроҳи мекард, дар базму размхо ширкат меварзид, базлагуву хазлкаш буд, ба хаттоти машгул мешуд. Аз ҷумла дар фатхи Исфаҳон, ки соли 1367 ба вукуъ пайваст, Убайд хамроҳи Шох Шучоъ буд. Убайди Зокони дар ин давра низ аз карз ва карзхохон менолад. Ин шиквахо, ки дар порчаҳои шеъри тачассум гаштаанд, баробари баёни ахволи шахсии Убайди Зокони, қисмати талхи аксари ахли илму ҳунарро дар замони ӯ ифода менамоянд. Накл менамоянд, ки ҳангоми марг Убайд ба фарзандонаш мегуяд, ки дар фалон чо ганҷе дорад пинхони. Баъди ба хок супурдан он “ганҷ”- ро мекушоянд, ки ин байт будааст:

Худой донаду ман донаму ту хам дони,
Ки як фулус надорад Убайди Зокони!
  • Рисолаи дилкушо
  • Ахлоқ-ул-ашроф
  • Рисолаи 10 фасл
  • Мушу гурба
Осор