Дар бораи китоб:
Ҷуғрофия (донишнома) маълумоти мухтасар ва умумиро дар бораи ҷуғрофия, кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ, иқлим, обу ҳаво, абрҳо ва барфу борон, гардиши об дар табиат, кӯлҳо, уқёнусҳо, кӯҳҳо, қитъаҳо, дашту биёбонҳо, пиряхҳо, инчунин дар бораи кӯлу дарёҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб бо такя ба маводи исботшудаи илмӣ таҳия шудаанд. Донишнома барои кӯдакони аз синфи 4 боло ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.