Дар бораи китоб:
Китоби дарсӣ барои донишҷуёни Донишгоҳи тиббӣ.
Илм дар бораи бемориҳои кӯдакона бо калимаи педиатрия муқарар мегардад, ки пайдоиши он аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «pedios» кӯдак, бача ва «iatrie» табобаткунӣ мебошад. ПЕДИАТРИЯ – илмест, ки «қонуниятҳои инкишофу ташакули кӯдак, сабабҳо ва механизми пайдоиши бемориҳо, инчунин усулҳои муайянкунию табобат ва пешгирии онҳоро» меомӯзонад.
Асоси педиатрияро дарк кардани инкишофи эволютсионӣ кӯдак ташкил медиҳад. Барои пурра ва саҳеҳ баҳо додан ба ҳолати патологӣ (беморӣ), донистани қонуниятҳои инкишофи ҷисмонӣ ва асабию руҳии кӯдаки солим зарур аст.