Ҷарроҳии умумӣ

Муаллиф: Абдурауф Қаҳҳоров
Ношир: «ДДТТ»
Саҳифа: 374
Соли нашр: 2012
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 6,80 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 520 нафар

 


Дар бораи китоб:

Дар бахши аввали китоб дар бораи масъалаҳои умумии ҷарроҳӣ, асептика ва антисептика, мухтасар таърихи беҳиссозӣ, беҳиссозии ҷузъӣ, анестезиология ва реаниматсия, хунравӣ, гузаронидани хун ва хунивазкунандаҳо, тадқиқи бемориҳои ҷарроҳӣ маълумот дода шудааст.

Дар бахши сонии китоб масъалаҳои умумии ҷараёни эътилолӣ: садама, уфунат ва хелҳои он, саратон ва ғайра оварда шудааст, ки асоси муолиҷаи беморҳои ҷарроҳӣ мебошад. Китоби дарсӣ мувофиқи барномаи таълимӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ тасдиқкарда, навишта шудааст, ба донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ пешкаш мешавад.

Шӯъбаи дастури таълим, китоби дарск ва мероси тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Абкалк ибн Синои Тоҷикистон ба номи китоби дарсиро ба нашр омода ва тавсия додааст.


Дар бораи муаллиф:

ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович – 22 -юми сентябри соли 1933 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1958 ДДТТ- ро хатм карда, аз ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи анатомияи муқаррарии ДДТТ ба фаъолияти меҳнати шуруъ намуда ва баъдан идомаи таҳсилашро дар риштаи илм то соли 1963 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи якуми тиббии Масква ба номи И. Сеченов идома додаст.

Лозим ба қайди хос аст, ки Қаҳҳоров А.Н. фаъолияти меҳнатии худро то охири умр бо корҳои таълиму тарбия, корҳои илмиву муолиҷавӣ ва ба корҳои ташкилотии соҳаи тандурустии кишвар бахшида, то ба дараҷаи доктори илмҳои тиб ва соҳиби унвонҳои профессор ва академик гардидааст. Мавсуф муаллифи таълифоти зиёди илмӣ буда, дар соҳаи илми ҷарроҳӣ чандин монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва соҳиби ихтироотҳои зиёд мебошад.

Хизматҳои шоистаи Қаҳҳоров А.Н. аз ҷониби Ҳукумату давлат ва дигар муассиҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ қадрдонӣ карда шудааст.

24.09.2018 табиби номӣ, олими соҳибном ва омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Қаҳҳоров А. аз олам даргузашт.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.