Гиёҳдармонӣ дар соҳаи тибби ветеринарӣ

Муаллифон: Г.С.Сафаров., Н.Р. Ҳасанов., М.С.Зоиров
Ношир: «Сабрина-К»
Саҳифа: 280
Соли нашр: 2012
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 6 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 19 нафар

Дар бораи китоб:

Китоби мазкур барои ихтисосҳои факултети тибби ветеринарӣ ва инчунин барои мутахассисони соҳаи чорводорӣ пешбинӣ шудааст. Китоб аз ду боб иборат буда, дар боби якуми он маълумотҳои умумӣ дар бораи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, дар боби дуюм бошад, тавсифи ҳар як растанӣ (гиёҳ) алоҳида, бо як тартиби муайян гирд оварда шудаанд. Муаллифон кӯшиш ба харҷ доданд, ки маводҳоро ба як системаи мунтазам пешкаши хонандагон гардонанд. Дар китоб 116 навъи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон бо расмҳои ранга оварда шудааст, ки хонанда дар вақти таҳлил кардан, метавонад айнан ҳар як растаниро алоҳида  ташхис карда, онҳоро бо мазмун ё тавсифи растанӣ муқоиса намояд.

Муаллифони китоби мазкур ба инсони наҷиб, марди маърифатпеша директори генералии ҷамъиятии саҳҳомии пӯшидаи «Babilon-M» Файзуллоев Беҳзод Ҳабибуллоевич барои кӯмаки беғаразона ва мусоидат намудан дар нашри ин китоб арзи сипос менамоянд.

Кош сафи чунин мардони накӯпеша, сарпарастони ватандӯсту  худшинос, ки дар қалб худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, инсондӯстиву ифтихор аз тоҷикистонӣ буданро мепарастанд, зиёд мешуд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *