Физиология

Мураттибон: Ф. А. Шукуров., М. Ё. Холбегов., Х. А. Ғаниев
Ношир: «Деваштич»
Саҳифа: 254
Соли нашр: 2009
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 1,71 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 405 нафар

 

 


Дар бораи китоб:

Физиология аз ҷумлаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ буда, фаъолияти ҳаётии узв, бофта ва ҳуҷайраҳои баданро дар зиндагӣ меомӯзад. Вай сабабҳо, роҳҳо ва қонунҳои раванди фаъолияти бадан ва амалиёти муттақобилаи онро бо муҳити атроф низ меомӯзад.

Калимаи физиология аз забони юнонӣ гирифта шуда, «Physic» табиат ва «Logos» таълимотро мефаҳмонад. Маънои луғавии ин калима хулосаи умумиест, ки бо таърифи илмии фанни физиология айният надорад. Агар ба ибораи дигар гӯем, физиология фаннест, ки ҷараёнҳои ҳаётии дар организми том, узв, бофта ва ҳуҷайраҳо рӯйдиҳанда, алоқаи зичу байниҳамдигарии онҳо ва робитаашонро бо муҳити атроф ҳамаҷониба меомӯзад. Физиология илми таҷрибавӣ мебошад. Ҳамаи ахбору маълумотҳои он дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳо дар ҳайвонҳо, ки просессҳои муҳими ҳаётии организми одам ва ҳайвонҳоро мефаҳмонанд, ба даст оварда шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.