Дар бораи китоб:
Ин китоб барои донишҷӯёни факултаҳои муолиҷавӣ, педиатрӣ (атфолӣ), даҳонпизишкӣ, дорусозии Донишгоҳҳои тиббӣ ва факултаи биологияи Донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.
Дар китоби мазкур оид ба инкишофу сохтору вазифа, топография ва хусусиятҳои синну солии аъзои системаҳои дилу рагҳои хунгарду лимфавӣ, хунофару масунӣ (иммунӣ), системаҳои марказию ғайримаркази (атрофи)-и асаб, ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ (эндокринӣ) ва узвҳои ҳис (эстезиология) маълумоти муфассал дода шудааст. Аз се фаслу нуҳ боб иборат аст. Истилоҳоти лотинӣ мувофиқи феҳрасти анатомии Байналхалқӣ ифода ёфтааст. Китоб ба барномае, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда буд, мувофиқат мекунад ва барои донишҷӯёни донишкадаҳо, донишгоҳҳо, омузишгоҳҳои тиоои ва инчунин пизишкон иншо шудааст.
Дар бораи муаллиф:
Фозил Абдураҳмонов (05.12.1930, шаҳри Конибодом)— доктори илми тиб (1968), профессор (1969), Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
Фозил Абдураҳмонов хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1952). Аспиранти кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи тиббии 2-юми Москва ба номи И.В. Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов; 1952-1955), ассистент (1955-1961), дотсенти кафедраи анатомияи эътидолии одами ИДТТ (1961-1967) ва ҳамзамон муаллими калони факултаи тарбияи ҷисмонии ИДПД (1955-1957), директори Омӯзишгоҳи тиббии Душанбе (ҳоло коллеҷ; 1957-1962), декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ (1963-1967, 1968-1969), мудири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ (1968-1994), мудир (1994-2006) ва профессори (аз 2006) кафедраи муттаҳидаи анатомияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино кор кардааст.
Фаолияти илмӣ
Доир ба масоили таъмини хуни бахшҳои ҷудогонаи мағзи сар, ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ ва морфологияи рагҳои хурди хуну лимфагарди узву бофтаҳои одам дар ҳолати муътадил ва беморӣ (перитонит, илтиҳоби гурда, сиррози ҷигар, ғалаёни хун ва ғ.), ҳамчунин дар шароити таҷриба дар водиҳо ва баландкӯҳҳо (ағбаҳои Анзоб ва Мурғоб), сохтори макро ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷавфи шикам дар ҳолати муътадил, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ ковиши илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ мебошад.
Осор
- Артериальное кровоснабжение красного ядра мозга человека. – М., 1955;
- Микромикроскопическое строение внутриорганного русла брюшины в норме и эксперименты: Дисс…доктора мед.наук. – Д., 1968;
- Кровеносные сосуды брюшины. – Д., 1973;
- Анатомияи одам, ҷ. 1. – Д., 1995,
- Анатомияи одам, ҷ. 2. – Д., 1998;
- Краткий атлас анатомии человека (соавтор). – Д., 2000;
- Атлас – учебник по функциональной анатомии человека. Часть 1 – 2. – Д., 2006, 2008.
- Анатомияи одам, ҷ. 2. – Д., 2014.
Ҷоизаҳо
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон. Аълочии соҳаи тандурустӣ.