Дар бораи китоб:
Мӯҳтавои рисоларо мавзӯи тарбияти солими шахс дар даврони кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ фаро мегирад. Муаллиф нуқтаи назарашро қотеона бо овардани далелҳои мӯътамад ба қалам медиҳад. Рисола барои падару модарон, мураббиёни кӯдакистонҳо, омӯзгорони дабистонҳо ва устодони донишгоҳҳо, ки бевосита ба кори таълиму тарбия машғуланд, дастури муфидест.
Дар бораи муаллиф:
Орифи бузург, имомзода, профессор Иноятхон (1882-1927) дар шаҳри Бороди Ҳинд зода шуд. Гузаштагони ӯ аз Панҷоб будаанд бо номи хонаводагии «машоих». Бобои Иноятхон Муллобахш имом ва мусиқидони овозадори замон буд, ки барои мусиқии ҳиндӣ низоми вижаи нотро эҷод намуд. Иноятхон аз кӯдакӣ хеле ҳассос буд, мехост ҳарчи бештар назму мусиқиву мантиқу ахлоқ омӯзад. Дар академияи шаҳри Бород ба омӯзиши мусиқӣ пардохт ва дар озмунҳо ҳамеша дар ҷойи аввал буд. Аз шоири бузург Ратнатар дарси шеър гирифт. Дар ҷустуҷӯи орифон аз ҷангалҳои анбӯҳу кӯҳҳои пурбарф гузашт, то ба Непалу Ҳимолой рафт. Аз соли 1910 оғоз ба Урупо сафар кард, саросари Амрикоро гашт, дар бузургтарин донишгоҳҳои Колумбу Нюйорку Беркливу Калифорниёву Лосанҷелос суханронӣ кард. Дар Амрико мактабҳои тасаффувро созмон дод, ки марказаш дар Санфрансиско аст. Иноятхон пайравони зиёде дорад. Аз октябри соли 1913 то майи 1914 дар Маскав ба сар бурд. Ин ҷо ба суханронӣ ва намоиши консерт саргарм буд. Хост подшоҳ Николайро аз фоҷиаи ҷанги ҷаҳонӣ огаҳӣ диҳад, аммо ӯро гӯш накарданд.
Иноятхон чун аксари орифон қалам бардоштаву сатре нанвиштааст. Китобҳои ӯ бар асоси сӯҳбату суханрониҳояш аз сӯи шогирдону ҳаводоронаш сохта шудаанд: «Паёми орифона аз боби озодии рӯҳ», «Поксозии ақл», «Намунаҳои мусиқии Ҳинд», «Ба сӯи фурӯғ», «Чакантала» (мусиқӣ), «Зиндагӣ пас аз марг», «Ҷоми соқӣ» ва….
Рисолаи «Тарбият» аз асарҳоест, ки хондану баҳра бурдан аз он барои ҳар кас шарт аст. Ин асар ҳам барои омӯзгору сиёсатмадор, ҳам барои деҳқону бозаргон, ҳам барои олиму ориф яксон муфид аст. Аз он метавон ҳам дар кӯдакистон, ҳам дар дабистон ва ҳам дар донишгоҳ истифода кард. Агар фарзандони мо бар асоси ин дастур омӯзишу парвариш мешуданд, ба гуфти Иноятхон, дунё имрӯз биҳиштро мемонд. Ҷомиаи имрӯзи мо ба дастуре чун «Тарбият»-и Иноятхон сахт ниёз дорад. Он бояд дар ҳар хонадони тоҷик бошад ва дар омӯзишу парвариши фарзандон аз сӯи падару модарон ҳамчун раҳнамо истифода шавад.
Ин асар аз оғоз то анҷом ҳама муфид аст, ба вижа ба зодворони ҷавон, ки дар тарбияи фарзанд ҳоло таҷриба надоранд ва ба душвориҳо дучор меоянд. Он гуна ки ёдрас шуд, мураббиёни кӯдакистон, омӯзгорони донишгоҳу дабистон низ метавонанд аз ин асар фаровон истифода баранд.
Мутарҷим