Таърихи Ҳумоюн

Муаллиф: Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ
Ношир: «Пайванд»
Саҳифа: 184
Соли нашр: 2006
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 4,92 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 236 нафар

 


Дар бораи китоб:

Ин китоб асари Мулло Муҳаммадсодиқ қаровулбегӣ мутахаллис ба Гулшании Бухорӣ, ки соли 1909—1910 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Ҳумоюн» ба давраи ҳукмронии амири Бухоро — Абдулаҳадхон оид аст. Дар асар инчунии маълумоти мухтасари таърихию ҷуғрофӣ ва домографӣ оид ба аморати Бухоро ва вилоятҳои он то охири асри 19 ҷамъ оварда шудааст. «Таърихи Ҳумоюн» аз ҳашт мақола (боб) ва як боби алоҳида иборат аст: «Аёлоти Бухорои шариф», «Аёлоти миёнкол», «Аёлоти Лаби об», «Аёлоти Қаршӣ ва Ғузор», «Аёлоти Шаҳрисабз», «Аёлоти Ҳисор», «Аёлоти Хуталон», «Аёлоти Қаротегин», «Ҳукумати Дарвоз тавобеи Ғарм». Ҳар боби он аз тавсифи мавқеи ҷуғрофии вилоят оғоз ёфта, аз манбаъҳои сарватҳои табиат, машғулияти мардум, хоҷагии маҳал маълумоти муҳим медихад.

Дар охири асар маълумоти хеле нодири демографӣ оид ба миқдори хонавода ва аҳолии вилояти Бухоро ва вилоятҳои тобеи он оварда шудааст. «Таърихи Ҳумоюн.» дар омӯхтани таърих, география, этнография, демографил ва хоҷагидории мардуми Осиёи Миёна ва хусусан Тоҷикистони охири асри 19 ва аввали асри 20 аҳамияти калон дорад. Як нусхан «Таърихи Ҳумоюн» дар ганҷинаи дастхатҳои Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон махфуз аст. Д. Саидмуродов.


Дар бораи муаллиф:

Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ (тақрибан соли 1861) дар Бухоро, дар хонадони муфтии мударрис  Муҳаммад Мир Сайид тба дунё омадааст. Шоир, муаррих ва ҷуғрофиёдони тоҷик.

 Дар асараш «Таърихи Ҳумоюн» (таълифаш 1910) аҷдоди худро марбут ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфтааст. Дар Бухоро таҳсилро дар мадраса хатм намуд. Чун шоири нуқтасанҷ, шахси донишманди аз илму фарҳанг бохабар (махсусан аз таърих) шуҳрат ёфта буд. Аз ин ҷост, ки амир  Абдулаҳад (ҳукумронӣ 1885-1910  ўро ба ҳайси надим ба хидмат даъват кард.

 Дар манбаъҳои адабиву таърихии асри 19 – ибтидои асри 20 фазилатҳои донишмандии Гулшанӣ иштирокаш дар маҳфилҳои адабӣ бо ширкати Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллоҳи Лутфӣ, Яҳёхоҷа, Мирзо Азимӣ Сомӣ, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин ва дигарон, инчунин маҳорати ў дар русидонӣ таъкид гардидааст.

 Намунаҳои  ашъораш дар «Тазкори ашъор»-и  Садри Зиё, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва ғайра дар асари таърихӣ-ҷуғрофиёии ў «Таърихи Ҳумоюн» сабт гардидаанд.

 Ашъори Гулшанӣ аз ҷиҳати тарзи баён содаву равонанд. Вай пайрави сабки шоирони гузаштаи форс-тоҷик, махсусан Саъдию Ҳофиз буд. Абёти зерин намунае аз ашъори ўянд:

       Ба оташ афканад лаъли лабат лаъли Бадахшонро,
Қади сарви ту биншонад зи по сарви хиромонро.
Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,
Парешонхотирам, то дидам он зулфи парешонро.
Маҳи афлок ҳар шаб аз рухи моҳи ту мегардад,
Ба таб афканда хуршеди рухат хуршеди тобонро.
Шавад мушки  Хито ночиз пеши зулфи мушкинат,
Кунад хомўш шамъи оразат шамъи шабистонро.
На танҳо Гулшанӣ аз ҳаҷрат, эй гул, доғ дар гулшан,
Ба ранги лола аз ишқи ту дидам лоларўёнро.

Гулшанӣ соли 1910 дар Бухоро аз дунё гузашт.


 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.