Тарҷумаи Таърихи Яминӣ

Муаллиф: Абушшараф Носеҳ ибни Зафар ибни Саъди Ҷурфодиқонӣ
Таҳия: Н.И. Ғиёсов
Ношир: «Ношир»
Саҳифа: 420
Соли нашр: 2013
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 6,43 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 270 нафар

Дар бораи китоб:

«Тарҷумаи Таърихи Яминӣ»-и Ҷурфодиқонӣ тарҷумаи озоди «Таърихи Яминӣ»-и Абӯнасри Утбӣ – муаррих, шоир, дабир, муаллифи ҳанафимазҳаби охири қарни Х ва нимаи аввали қарни ХI мебошад, ки ба султон Маҳмуди Яминуддавла бахшида шуда, шарҳи салтанати Сабуктегин ва султон Маҳмудро аз соли 975 то 1022 фаро мегирад. Ҷурфодиқонӣ, ки дар замони ҳукумати Атобакони Озарбойҷон – Элдигизиён мезист, бо дастури вазири атобаконӣ – Абулқосим ибни Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Абӯҳанифа ба тарҷумаи ин китоб оғоз ва соли 1207 онро ба итмом мерасонад.

Асар на танҳо дар бораи таърихи Ғазнавиён иттилои муҳими илмӣ медиҳад, балки зикри дудмонҳои дигари ин аҳд, аз қабили Сомониён, Оли Зиёр, Симҷӯриён, Оли Фареғун, Ғуриён, мулуки Ҳинд ва ғайраро фарогир ва дорои аснод ва иттилооти арзишманде аст.

Китоби мазкур ба муҳаққиқони таърих, пажӯҳишгарони забону адабиёт ва кулли алоқамандони фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ пешкаш мешавад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *