Дар бораи китоб:
Хуросони Бузург, ки мо, тоҷикон, бар он ифтихор меварзем, қисматҳое аз Афғонистони имрӯз, Тоҷикистон ва бахшҳое аз Эронро дар бар мегирад. Ин пораҳо бо сабабҳои гуногун муддате аз ҳам ҷудо монданд ва ин ҷудоӣ мӯҷиби бисёр фоҷеаҳои миллӣ дар ҳар се кишвар гардид. Дар ин китоб сарнавишти миллати сарафрози тоҷик, ба вижа тоҷикони Афғонистон ва мушкилоте, ки дар сад соли охир бар сари онҳо омад, мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифтааст. Муаллиф таърихи ҳукумати нӯҳмоҳаи шаҳид Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ҳукумати қонунии устод Бурҳониддини Раббонӣ ва шуҷоати бемислу монанди Қаҳрамони Миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар размоварони Ҳиндукушро бо далоили мустанад ва забони фасеҳ рақам задаст.