Дар бораи китоб:
Помир сарзамини пурасрорест, ки кушодани розҳои таърихии он то кунун муяссар нагардидааст. Донишмандони зиёд аз кишварҳову замонҳои гуногун ин сарзаминро биҳишти гумшуда, сарзамини муқаддас, ҷойгоҳи нузули Нахустодам – ҳазрати Одам, Нахустмеҳани башарият донистаанд, ки ин гуфтаҳо воқеияти комил доранд. Муаллифи китоб асрори таърихии Помирро мавриди пажӯҳиш қарор дода, маводеро пешниҳод менамояд, ки то имрӯз ба илми ориёишиносӣ дастрас набуд.