Дар бораи китоб:
Китоби нави олими маъруф, академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» нигоҳи тозаест ба рӯйдоду воқеаҳои пуртазоди тақдирсозу тақдирсӯзи оғози садаи ХХ ва кӯшишест барои шикастани тафаккури қолабӣ, то ин ки моҳияти ҳар як рухнамуди инқилобӣ аз рӯйи манфиатҳои миллати тоҷик муайян шавад.
Дар очерки «Аббос Алиев» зиндагиномаи нахустин вазири маорифи Тоҷикистон ва профессори тоҷик Аббос Алиев ва саҳифаҳои норавшани рӯзгори ӯ варақгардон шудааст, ки дар назари хонанда симои ин шахсияти таърихӣ мукаммал ҷилва мекунад.
Раҳмат барои чунин як китоб!
Агар аз асп афтодаем, аз асл наяфтем!
Сипос, саломату сарбаланд бошед!
Мутолиаи хуш таманно дорем! : )