Дар бораи китоб:
Пажӯҳиши мазкури мунаққид ва адабиётшиноси шинохта Абдухолиқи Набавӣ (Набиев) ба масъалаи роҳҳои иинкишофи ҳаракати адабии тоҷик дар замони нав ва ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати як иттиҳодияи ҳунарӣ дар асоси далелу арқоми нав, ба назари тоза ба масъала таълиф шудааст. Бори нахуст манзараи умумии ташаккул, мураккабӣ ва талошу муборизаҳое, ки дар ин роҳ шудааст, дар мукаммалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Рисола барои аҳли илму адаб ва ҳаводорони фарҳангу ҳунари тоҷикӣ, донишпажӯҳону донишҷӯён судманд хоҳад омад.