Дар бораи китоб:
Китоби “Асосҳои маърифати исломӣ” донишҳои зарурӣ ва асосии дини мубини Исломро меомӯзонад. Ин китоб дар бораи Офаридгори кулли мавҷудот, паёмбарон ва рисолати онҳо, омӯзиши яктопарастӣ ва инчунин дар бораи тартиби ба ҷо овардани чунин ҳукму фармони мазҳабӣ, монанди намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ, хонандаро ошно месозад.
Ба ғайр аз ин дар китоби мазкур маълумоти саҳеҳ ва мукаммал дар бораи ахлоқ ва қоидаҳои муносибати дурусти байниҳамдигарии одамон низ гирд оварда шудааст.
Китоб барои доираи васеъи хонандагон ба назар гирифта шуда, инчунин ба сифати василаи таълим барои муаллимон ва донишҷӯёни донишкада ва донишгоҳҳои исломӣ ва толибилмони мадраса низ тавсия карда мешавад.