Дар бораи китоб:
Дарахти зардолуро ҳама дидааст, меваи онро ҳама хӯрдааст. Зардолу хушхӯр, ба чанд дард давост, аз вай мураббо, нӯшоба тайёр мекунанд, ҳалво мепазанд. Он 300 намуд дорад. Зардолуро «фарзанди офтоб» ҳам мегӯянд. Чаро? Ба ин савол нависандаи хуби мо, зардолупарвари моҳир бобои Додохон дар ин китоб муфассал ҷавоб гуфтааст. Мо хонда хурсанд шудем. Шумо ҳам хонед, ҳазорон бор ташаккур мегӯед.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.