Бо қарори Маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст | |
Ношир: | ? |
Саҳифа: | 89 |
Соли нашр: | 2016 |
Навъи файл: | |
Ҳаҷми файл: | Мб |
![]()
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 58 нафар
|
Дар бораи китоб:
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ҳадафҳои зерин барои 15 соли минбаъда муайян шудаанд:
- Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ;
- Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;
- Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
- Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсил.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйиротҳои солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон, ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.