Дар бораи китоб:
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Китоби мазкур дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ барои факултетҳои ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат омода шудааст. Муаллифон ба методика ва усулҳои таълими илмҳои сиёсӣ такя намуда, сарчашмаҳои илмии гуногунро мавриди истифода қарор додаанд. Махсусан, инъикоси равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе мавзӯъҳои нав бори нахуст барои донишҷӯён пешниҳод мегарданд.