Дар бораи китоб:
Дастури мазкур бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (Бюро дар Ҷумҳури Тоҷикистон) дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” (PDV), ки аз ҷониби филиали ширкати консалтингии GOPA дар Ҷумҳури Тоҷикистон татбиқ мешавад, тайёр ва чоп карда шудааст. Таҳияи дастур ҳадафҳои башардӯстона дошта, ройгон дастрас карда мешавад. Маълумоте, ки дар ин дастур оварда шудааст, натиҷаи кори гурӯҳи муаллифон мебошад ва он набояд ҳамчун ақидаи расмӣ ё нуқтаи назари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ қабул карда шавад.
Дастур аз тарафи Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.12.2017 (қарори №11) тасдиқ шуда, барои омӯзиши мавзӯъҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар чаҳорчӯбаи фанҳои таълими “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ” (синфи 9), “Маърифат оиладорӣ” (синфи 10) ва “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” (синфҳои 8-9), “Ҳуқуқи инсон (синфҳои 10-11) ва ҳамчун манбаи иттилоотӣ ҳангоми ташкили маҷлисҳои падару модарон дар мактаб дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбати кӯдакон” тавсия дода мешавад.
Дар бораи муаллифон:
Латофат Назирӣ, муовини вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фируза Ғаниева, ҳамоҳангсози гурӯҳи корӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷанбаҳои пурзӯр намудани нақши муассисаҳои таълимӣ/тарбиявӣ дар ҷорӣ кардани моделҳои рафтори бидуни зӯроварӣ;
Фаррух Хайруллоев, коршиноси миллӣ оид ба коркарди модулҳои таълимӣ дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила;
Виорелия Русу, коршинос оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, GOPA/ PDV дар Тоҷикистон.