Шоираи боистеъдод Саидаи Синавӣ (Рамазонова) дар соли 1964 дар деҳистони Сина воқеъ дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш фаро гирифтааст. Пас аз итмоми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, муддате дар мактаби Сина ва солҳо дар мактабҳои Тирмизшаҳр ба таълиму тарбияти донишомӯзон машғул будааст. Дорандаи нишони «Муаллимаи эҷодкор» (1995) буда, дар ҳоли ҳозир машғули фаъолияти эҷодӣ мебошад.
То кунун маҷмӯъаи ашъори Саидаи Синавӣ бо номи “Таманно” (Душанбе, 2009) бо расмулхатти форсӣ ва кириллӣ ба чоп расидааст. Ҳамчунин, намунаҳое аз ашъори ӯ дар гузинаҳо ва маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ бо номҳои “Мунаввар туйғулар” (Тошканд, 1995), “Боғи бисёрдарахт” (Теҳрон, 2004), “Аз Самарқанди чу канд” (Теҳрон, 2005), “Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон: карни бистум то кунун” (Теҳрон, 2005), “Сарводаи Сурхон” (Тошканд, 2011) ва “Бонувони форсигӯ” ҷой гирифтаанд. Ашъори ӯ тавассути рӯзномаҳои тоҷикии Ӯзбекистон ва хориҷ аз кишвар, ҳамчунин аз тарики Садо ва Симои вилояти Сурхондарё такдими алокамандони каломи мавзун гардидааст.
Copyright © 2023 БИХОН ///Таҳияи сомона:iTojik