Саида Набизода

Саида Набизода (Набизода Саида Фазл; зод. 13 декабри 1966, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, рӯзноманигори тоҷик. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2007), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2018), Барандаи Ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2022).

Зиндагинома

Набизода Саида Фазл 13 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1974—1984 дар мактаби миёнаи № 16-и ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил карда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОК ба номи А.Рӯдакиро соли 1988 ба итмом расонид.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Фаъолияти корӣ

Фаъолияти кориаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишкада дар мактаби миёнаи № 1-и ноҳия, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби миёнаи рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кард. Соли 2002 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро ҳимоя намуд. Соли 2003 тибқи як лоиҳа дар ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» фаъолият кард. Аз моҳи январи соли 2005 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо, аз соли 2011 то 2019 дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият кардааст. Аз феврали соли 2019 инҷониб дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият дорад.

Иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмуни «Муаллими сол» (2002) буда, аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳаст, солҳои 2005—2008 дар гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илм (таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ), соли 2008 дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаб ва ҷомеа» фаъолият кардааст.

Муаллифи бештар аз 200 мақолаву гузориш, мусоҳиба ва лавҳа, созмондеҳи суҳбатҳои ихтисосӣ, баҳсҳои илмиву таълимӣ, конфронс, мизҳои мудаввар, сомонаи нашрияҳои соҳавӣ буда, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи «Маорифи Душанбе» мебошад.

Дар мавзӯи проблемавии «Асосҳои назариявии ташаккули маданияти нутқи хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикии синфи 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳқиқоти илмӣ дорад, муаллифи китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ, муҳаррири китобҳои илмиву дарсист.

Осор

  • Роҳнамои фанни забони тоҷикӣ (синфи 5, ҳаммуаллиф). Душанбе: «Маориф», 2017. — 120 саҳ.
  • Роҳнамои фанни забони тоҷикӣ (синфи 6). Душанбе: «Маориф», 2017. — 72 саҳ.
  • Роҳнамои фанни забони тоҷикӣ (синфи 7). Душанбе: «Маориф», 2017. — 104 саҳ.
  • Роҳнамои фанни забони тоҷикӣ (синфи 8). Душанбе: «Маориф», 2017.- 120 саҳ.
  • Роҳнамои фанни забони тоҷикӣ (синфи 10). Душанбе: «Маориф», 2017. — 104 саҳ.
  • Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 5, ҳаммуалиф, 4 нашр):
  • Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 5). Душанбе: «АРУН», 2007. — 280 саҳ.;
  • Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 5). Душанбе: «Шарқ», 2008. — 256 саҳ.;
  • Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 5). Комбинати полиграфии Душанбе, 2013, 256 саҳ.
  • Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 5). Душанбе: «Маориф», 2018. — 256 саҳ.
  • Нишондоди методӣ ба китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5. Душанбе: «Мусоидат-Сорбон», 2009. — 108 саҳ.
  • «Сарфу наҳви тоҷикӣ»-и Саидризо Ализода. Душанбе: «Саҳбо», 2006. — 70 саҳ. (Таҳия ва баргардониш бо С.Аминов).
  • Китобчаи «Байтбарак». Душанбе: 2007. — 56 саҳ.
  • Пайкори афкор. (Андеша, нақд, таҳлил, пешниҳод). Душанбе: «Адиб», 2016. — 320 саҳ.
  • Стандарти фан ва барномаи таълимии забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11. Душанбе, 2017. — 116 саҳ.

Ҷоизаву медалҳо

  • «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002);
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007);
  • «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018);
  • Медали «Хизмати шоиста» (2018);
  • Медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2018);
  • Ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2022).
Китобҳо