Рустам Ваҳҳобзода

Рустами Ваҳҳоб (Рустам Ваҳҳобзода; тав. 5 майи 1960, деҳаи Капалӣ, Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор, шоири халқии Тоҷикистон (2020), олим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

Рустами Ваҳҳоб 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз ҳамин сол дар донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (мухбир) ба кор шурӯъ кард.

Солҳои 1991—1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.

Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, аз он вақт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.

Эҷодиёт

Рустами Ваҳҳоб муаллифи се китоби шеър — «Калимаҳо» (1990), «Шаҳри Хуршед» (2008) ва «Салом» (2015) аст. Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (Теҳрон, 2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Рустами Ваҳҳоб 28 августи соли 2020 бо унвони шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Ҷоизаҳо

  • Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Осор