Дар бораи муаллиф:
Зиндагинома
Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд (1940), Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1944), факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ӯзбакистонро (1950) хатм кардааст. Гӯянда, муҳаррири шӯъбаи тоҷикии Радио (1945—1950), мудири шӯъбаи адабиёт ва маданияти рӯзномаи тоҷикии «Ӯзбекистони Сурх» (1950—1954), (минбаъд- «Ҳақиқати Ӯзбекистон», ҳоло — «Овози тоҷик»), аспиранти филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС (1950—1953). Рисолаи номзадироро дар мавзӯъи «Маъхазҳои омӯзиши адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX» дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1954) ва рисолаи докториро дар мавзӯъи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарвари тоҷик» дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон дифоъ кардааст (1967). Ходими калони илмии[1] АИ ҶШС Тоҷикистон (1954—1960), мудири шӯъбаи таърихи адабиёти Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1960—1993), Аз соли 1993 — корманди пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. Расул Ҳодизода 4 апрели соли 2010 дар Душанбе даргузаштааст.
Фаъолияти илмӣ
Муаллифи асарҳои:
- «Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX» (1954),
- «Сарчашмаҳои таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX» (1956, ба заб. русӣ),
- рисолаҳои «Шоҳин» (1974),
- «Аҳмади Дониш» (1976),
- «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX» (1968),
- як қисмати «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1966),
- чанд боби «Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV» (қисмҳои 1-2, 1976—1983),
- Муҳарири «Очеркҳои таърихи адабиёт» (иборат аз 10 китоб),
- муаллифи сарсухану тавзеҳоти «Асарҳои мунтахаб»-и Аҳмади Дониш (1959),
- “Ҳикоятҳои халқӣ дар «Маснавӣ»-и Ҷ. Румӣ (1963),
- «Дафтари дилкушо»-и Соиб (1965),
- «Калила ва Димна» (1966),
- «Девон»-и Анварӣ,
- «Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ» (1984, ба заб. русӣ),
- маҷмӯаи ҳикояҳои таърихии «Танбӯри Дилкаш» (1966),
- повестҳои «Сапедадам» (1970),
- «Парвози Шоҳин» (1980),
- намоишномаҳои «Бахт дар чист?» (1978),
- «Маздак» (1980),
- романи «Ситорае дар тирашаб» (1983),
- достони «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ» (2002),
- «Самарқанднома» (2004),
- «Худоё, худро бишносам» (2005),
- Луғати «Самарқандиҳо чӣ мегӯянд» (Машҳад, 2007),
- «Ахлоқ ва ҷомеа» (Д., «Ирфон», 2008),
- «Ҳафт гуфтор дар бораи Қуръон» (Хуҷанд, 2009),
- «Хотираҳои шикорчӣ» ва чанд асари дигари И. С. Тургенев, инчунин осори Н. В. Гогол ва В. Гюгоро ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Дар тарҷумаи асарҳои марксизм-ленинизм ба забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст.
Ҷоизаҳо
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991)
- ордени «Шараф» (1999),
- медалҳои «Барои меҳнати шоён,
- Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Ветерани меҳнат» (1985),
- Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Белоруссия мукофотонида шудааст.