Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ

Муаллифон: Шарипов Абдуфаттоҳ,
Фаттоев Саидмурод
Ношир: «Деваштич»
Саҳифа: 331
Соли нашр: 2006
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 1,57 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 3 нафар

Дар бораи китоб:

Дар китоб муҳимтарин омилҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар солҳои 2000-2003, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ инъикос гардидаанд.

Муаллифон проблемаву мушкилоти иқтисодиву сиёсии давлатдории навини тоҷиконро дар аввали асри XXI бо далелу асноди мӯътамад зикр намуда, зербинои ҳалли онҳоро аз натиҷаи талошу заҳматҳои фидокоронаву садоқатмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки бо пуштибонии нерӯҳои солими ҷомеа ва фаъолияти ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд, маънидод карданд. Ин ақида бешубҳа илман асосноку ифодагари равшани воқеияти комили имрӯзи Тоҷикистон мебошад.

Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *