Дар бораи китоб:
Китоби дарсии мазкур ба тарбия ва таълими кўдакони синни томактабӣ бахшида шудааст. Дар қисми аввали он масъалаҳои асосии педагогикаи томактабӣ, асосҳои назариявӣ ва амалии тарбияи кудакони синни томактабӣ барои омўзиш пешниҳод карда шудааст. Он аз ду бахш, мавзўҳо, саволу супоришҳо барои мустаҳкамкунии донишҳо ва иҷрои корҳои амалӣ иборат аст, ки алоқамандии дарсҳои назариявӣ ва амалиро таъмин менамояд.
Ҳангоми таҳия намудани китоби дарсии мазкур муаллиф ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқотҳои илмии олимони тоҷику рус, таҷрибаи амалии муассисаҳои таҳсилоти томактабиро мавриди истифодафбарӣ қарор додаст.
Китоби дарсии «Педагогикаи томактабӣ» ба донишҷўёни мактабҳои олии педагогӣ ва коллеҷҳои омўзгорӣ тавсия карда мешавад.
Дар бораи муаллиф:
Бибиҳафиза Маҷидова (10.03.1949, деҳаи Шайдони н. Ашт) – олим, доктори илмҳои педагогика (2004), профессор (2008).
Зиндагинома
Соли 1970 факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) ба итмом расонда, дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсилро идома бахшидааст. Минбаъд (1973-1992) дар кафедраи тарбияи томактабии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба сифати ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсент фаъолият намуда, аз соли 1993 мудирии кафедраро ба ӯҳда доштааст. Мавриди таъсири тарбияи ҷамъиятиии томактабӣ ба тарбияи меҳнатии кӯдакони синни томактабӣ дар оила, педагогикаи томактабӣ, кӯдакон ва муҳити зист, дигар масоили марбута қариб шаст таълифоти илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ба хидмат овардааст. Дар конференсия ва семинарҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (Душанбе, Москва, Тошкент) бо гузоришу маърӯзаҳо баромад намудааст.
Ҷоизаҳо
Хизматҳояш бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Осор
- Таъсири тарбияи ҷамъиятии томактабӣ ба тарбияи меҳнатии кӯдакони сини томактабӣ дар оила. – Д., 1982;
- Ватанам – ифтихорам. Таълими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастури таълимӣ. – Д., 2004;
- Машғулиятҳои шиносоӣ бо атроф ва инкишофи нутқ дар гурӯҳҳои хурд ва миёна. – Д., 1990;
- Шиносоии кӯдакон бо табиат. – Д., 1992 (ҳаммуаллиф);
- Панди назокат. – Д., 1993;
- Каломи бадеӣ дар кӯдакистон. – Д., 2000;
- Ҳуқуқи кӯдак. – Д., 2008;
- Традиции и обычаи таджикского народа в формировании нравственных качеств Ашхос. – Д., 2004;
- Народные традиции и обычаи как средство формирования нравственных качеств детей в семье: Автореф…доктора пед. наук. – Д., 2004;
- Нишондодҳои методӣ оид ба омӯзиши педагогикаи томактабӣ. – Д., 1990;
- Педагогикаи томактабӣ 1. – Д., 2011.
- Педагогикаи томактабӣ 2. – Д., 2012.