Дар бораи китобхона

Муассисон:
+992-900-48-53-35

Зиндагинома  

Санҷар Абӯнасрпур (Амриев) 5 майии соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Мавсуф 1 сентябри соли 2002 дар МТМУ-и 26-и деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент таҳсилро оғоз намуда, соли 2013 муассисаи номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Ҷиҳати идомаи таҳсил ва сайқал бахшидани донишу малакаи хеш худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) дохил шуда, соли 2018 донишгоҳро бо касби мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (арабӣ ва форсӣ) бо дипломи аълочӣ хатм намудааст. Ҳоло магистранти риштаи дипломатия ва муносибатҳои сиёсии берунаи Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.

Аз январи соли 2020 фаъолияти кории худро дар Нашрияи “Пайрав” замимаи нашрияи “Омӯзгор” барои кӯдакон ва наврасони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири фанҳои дақиқ ва риёзӣ оғоз намудааст. Аз феврали соли 2021 то июли соли 2021 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт фаъолият кардааст. Аз августи 2021 инҷониб муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” мебошад.

Соли 2020 бо Рамазони Нур сомонаи “www.bikhon.tj”-ро таъсис дода аст.

Забони арабиро медонад ва ба хати форсӣ тасаллути комил дорад.  

Эҷодиёт

Муаллифи даҳҳо мақолаи илмӣ, оммавӣ, таълимию методӣ ва адабӣ мебошад.Аз овони хурдӣ ба навиштан шавқу рағбат дошта, дар вақтҳои фароғат ҳикояву ривоятҳои тарбиявиро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума менамояд. Навиштаҳову тарҷумаҳояш дар нашрияҳо ба монанди нашрияҳои “Пайрав”, “Маъвои хирад” ва маҷаллаҳои “Маорифи Тоҷикистон”, “Истиқбол” ва “Навруста” интишор ёфтаанд.

Осор

  1. Бихон (дар дасти чоп)
  2. Маориф ва истиқлол 1
  3. Маориф ва истиқлол 2

Ҷоизаҳо

  • Ифтихорномаи Бахши ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (2016)
  • Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)
  • Ифтихорномаи Иттифоқи касаби кормандони маориф ва илм (2021)
  • Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022)
  • Сипосномаи Китобхонаи милли Тоҷикистон (2022)
Дар бораи "Бихон"

“Бихон” китобхонаи фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ, маърифатӣ, таълимӣ ва омавӣ буда, аз ҷумлаи фарогиртарин китобхонаҳои электронии сигменти тоҷикии шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад. Дар ин китобхонаи маҷозии тоҷикӣ аз ҳар гулистоне гулдастаеро ҷамъоварӣ намудем, то посухгӯи ниёзҳои маънавии тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеъа новобаста аз касбу корашон бошад. Дар ин сомона китобҳои мавриди ниёзи худ оид ба тамоми самту соҳаҳоро, дастрас карда метавонед.

Ҷо ба ҷоии китобҳо мантиқӣ буда, гирифтан (скачать)-и онҳо саҳлу содааст. Корбарон ҳангоми ворид шудан ба сомона сараввал номгӯйи китобҳои тозаворидро мушоҳида мекунанд. Дар саҳифаи асосӣ бахшҳои китобхона, муаллифон ва дарбораи мо дар қисми болоӣ қарор дорад.

Дар тарафи чапи менюи асоси бахши “Китобҳои президент” ҷой дорад, ки дар он китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳо доир ба рӯзгору пайкори Сарвари давлат ҷой дода шудаанд.

Ҷиҳати дар фурсати андак пайдо намудани китоби мавриди назар бахши “Ҷустуҷӯ” фаъол аст. Инчунин, барои дастрасии фаври дар тарафи чап номгӯйи бахшҳои сомона аз рӯи алифбо қарор дода шудаанд.

Бомақсади ёрии фаъол ва амалӣ ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” феҳристи адабиёт мувофиқи замимаи низомномаи озмун таҳия ва аз рӯи номинатсияҳо раддабанди гардида, дар сомона таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ” ҷойгир карда шуд.

Барои мушаххас намудани китоби мавриди алоқаи корбарони сомона феҳристи даҳгонаи китобҳои пурбинандатарини сомона низ дар қисмати чапи саҳифаи асосӣ қарор дорад.

Дар қисми “Китоби тавсияшаванда” мудирияти сомона ба корбарон китобҳои ҷолибу хонданиро тавсия медиҳанд 😊.

Дар бахши “Мақолаҳо” мақолаҳо доир ба китобхонӣ ва дигар самту соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсонӣ дар сомона ҷой дода мешаванд.

Шумораи китобҳо ба мо имкон медиҳад, ки аз теъдоди умумии китобҳои сомона ба таври дақиқ огоҳ бошем. Бахши “Мо дар Facebook” пайванди саҳифа мо дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аст ва омори сомона моро аз шумораи корбарон воқиф месозад.

Ҳамчунин, пайванди наворҳои омӯзанда ҳам ҷиҳати тақвияти донишҳои техникиву илмии корбарон дар сомона ҷой дода шуд.