Ҳоҷи Ҳусайн Кангуртӣ

Ҳоҷӣ Хусайнӣ Кангуртӣ (1868-1917) - шоири маъруфи тоҷик.

Зиндагинома

Муҳаммад Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандаш мазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи осори  гаронбаҳояш маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ дар замонаш аз ҷониби амалдорон сахтӣ ва ранҷи зиёд кашидааст. Чуноне ӯ мегӯяд:


Басо умрест андар пардаи гумном
ӣ мастурам,
Зи дасти бетамизиҳои даврон зинда дар гӯрам.

Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ғайр аз омӯхтани илмҳои замон ва ба фасоҳату балоғати шоирӣ расидан ба санъатҳои гуногуни нафиса ҷиддӣ машғул шуда, ба лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва санъати муҳрканӣ маҳорати баланд доштааст. Ӯ санъати хаттотиро низ аз бар карда, дар хушнависӣ маълуму машҳур гашта буд.  Аз ҷумла, панҷ намуд хаттро низ эҷод карда буд, ки дастхатҳои шоир ба ин гувоҳанд.

Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ ақидаҳои пешқадам ба мисли ҳимояи аҳли илму ҳунар, танқиду мазаммати зулму золимон, инъикоси ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дигар фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ хеле зиёданд. Осори  гаронмоя ва панду ахлоқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тулӯи офтоби рахшонро  мемонад, ки зеҳни хонанда баъд аз мутолиаи онҳо рӯшан ва рӯҳаш болида мегардад.

Аз мероси адабии Ҳоҷӣ 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддаси 28 бандӣ, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум (бахшида ба сохтмону иморатҳои гуногун-ҳаммом, мадраса, қалъа дар Кангурт, Қаротегин, Ҳисор ва ҳоказо), 9 мактуби мансур ба шахсони гуногун ва муҳибон, манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷӯда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ус-салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» боқӣ мондааст. Илова бар ин, мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ рисолаи дастнависӣ «Ҳутути ашколи исломия» мебошад, ки дар бораи намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ маълумот медиҳад.

Қисми зиёди осори ӯро танқиди номусоиди сохти феодалӣ дар бар гирифта, килкаш  ба дили замонадорони бемуруват чун ханҷар мехалид. Ҳоҷӣ бо ақидаҳои озодипарастӣ мардумро аз нодонӣ, торикӣ ва ҷоҳилӣ  ба сӯи рӯшноӣ, маърифат ва некномию хештаншиносӣ ҳидоят мекард:


Ч
ӣ замонест, ки халқе, ки дар ин бозоранд,
Ҳама берун шуда дар бодияи нодонӣ.

Ё ҷои дигар мефармояд:


Бе сиёсат нест, Ҳоҷӣ, кори оламро низом,
Фитнаро бошад қарор аз ваҳшати арбоби теғ.

Ҳоҷӣ Ҳусайн бар он ақида буд, ки хештаншиносӣ бе дониш  ҳаргиз даст нахоҳад дод:


Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,
Гар заҳр диҳад бихӯр чу шаҳду ҳалво.
В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил,
Пайванд агар бувад, табарро бинмо.

Яке аз асарҳои ӯ, ки мавқеи арзанда ва намоён дорад, манзумаи «Комде ва Мадан» мебошад. Он дар ситоиши ҳунару дониш ва накуҳиши ноаҳливу бекамолӣ, ҷоҳиливу пастфитратии амалдорони замон эҷод шудааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн  баъд аз  ба итмом расонидани таҳсил дар мадраса  бо мақсади ба ҷо овардани Ҳаҷи акбар ба Арабистон рафта, се сол дар он ҷо зиндагӣ мекунад, баъдан ба Фарангистон, Эрон Ҳиндустон сафар карда, илму адабиёти халқҳои гуногунро аз бар намудааст.

Бори аввал шеъру асарҳояш  дар шакли «Куллиёт»  соли 1913 дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст. Дар онҳо мушоҳидаву ҷаҳонбинии шоир, хулосаҳои фалсафӣ, фикрҳои халқпарварию ватандӯстӣ, табиати фараҳбахши кӯҳистони тоҷик, мадҳу санои модар ва амсоли ин тараннум гардидааст, ки хонандаро ба андеша водор месозанд.

Эҷодиёти  Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои 1960 — уми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи донишманд ва муҳаққики шинохта Сайидумар  Султонов қарор гирифт. Вай далелҳои мутаъмад ҷамъ оварда, дар натиҷа, осори гаронбаҳои ӯро соли 1962, ки ғазал, мухаммас,  марсия,  рубоӣ,  инчунин  манзумаи «Комде ва Мадан»-ро дар бар мегирифт, мурратаб сохта, ба табъ расонид.

Дар нашри нави «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ нусхаҳои аслии дастнавис ва ғазалу рубоиҳои то ба ҳол ба чопнарасидаи ӯ ҷой дода мешаванд.

Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Одина Ҳошим ба 111 ғазали Ҳоҷӣ оҳанг баста, месуруд ва мардум бештар таввасути ӯ ба ғазалиёти шоир ошноӣ пайдо карданд.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои охири умр дар мадрасаи зодгоҳ — Кангурт ба шогирдон аз фиқҳ ва сарфу наҳв дарс мегуфт. Фишору таъзиқи тангназарони замон вайро дилшикастаю маъюс мекард. Ва он ҳама беэътиноию бадбинӣ, нодидагирию бадгумониҳо ба рӯҳу равони шоир бетаъсир намонд. Ин буд, ки ӯ дар авҷи камоли эҷодӣ, соли 1922 дар синни 41 вафот намуд.

Мақбараи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар мазори Ҳазрати Мавлавии деҳаи Кангурт ҷойгир аст.

Осор