Дар бораи китоб:
Мақоле дар байни мардум машҳур аст: «Эҳтиёт — нисфи ҳаёт». Дар куҷо бояд эҳтиёт шуд? Дар ҳама ҷо ва ҳамеша — дар хона, мактаб, роҳ, нақлиёт… Инчунин, аз оташ, ҳангоми заминларза, раъду барқ, истифодаи асбобҳои барқӣ низ бояд эҳтиёт шуд. Эҳтиёт қоидаҳо дорад, муаллиф чанд қоидаи муҳимро барои бачаҳо дар ин китоб гирд оварда ҳушдор додааст. Мо онҳоро хонда, дар хотир гирифта, амал намуда аз бисёр нохушӣ ва фалокат эмин хоҳем монд.
- Китоби мазкур бо кумаки мардуми Амрико нашр шудааст, ки аз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонанда дастрас карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи китоб маҳсули фикри муаллиф буда, метавонад, бо нуқтаи назари USAID ва ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.