Дар бораи муаллиф:
Зиндагинома
Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти «Ирфон» -ро бар зимма дошт.[2]. Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд. Мудири шӯъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956-1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968-1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991). Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989-1991)(иҷлосияи X — XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд. Мӯъмин Қаноат нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав ш Душанбе вафот кард. Маросими дафни Мӯъмин Қаноат рӯзи 19 май доир гардид ва дар Лучоб ба хок супорида шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Мӯъмин Қаноат нисбати марги ӯ изҳори таслият кардааст.
Осор
Нахустин маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард. Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла,ба русӣ «Голоса Сталинграда», «Советский писатель», М., 1979 ва нашриёти «Ирфон» (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор «Достони Оташ» ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро аз маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.
Мукофот ва Ҷоизаҳо
- Шоири халқии Тоҷикистон,
- ордени Нишони Байрақи Сурхи Меҳнат,
- «Нишони Фахрӣ»,
- Сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус,
- нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо сарфароз гардондаанд.
- Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977),
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980).