Мирзо Ҳайити Саҳбо

Шарҳи ҳол

Мирзо Ҳайити Саҳбо (тақр. 1850 – 1918) яке аз шоирони лирикии даврони худ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар тумани Вобканди наздикии Бухоро ба дунё омада, дар замони амир Абдулаҳад ба хизмати дарбор ҷалб гардида, унвони «тӯқсабо» ва «бий»-ро гирифта буд, вале ба кирдорҳои нописанди дарбориён ва амалдорони амир нафрати зиёд дошт. 

Мирзо Ҳайити Саҳбо шоири ҳақҷӯй ва ҳақгӯй буд, оид ба нуқсонҳои аморат бе парда сухан мекард, ки инро аз шеърҳои лирикиаш ба хубӣ эҳсос карда метавонем. 

Ӯ соли 1915 барои рӯзномахонӣ ҳатто ҷазо дидааст. Амир Олимхон баъди намоиши апрелии соли 1917-и Бухоро Саҳборо ҳокими Қубодиён таъйин карда, соли 1918 дар он ҷо ӯро бо дасти одамони худ ба тарзи ваҳшиёна қатл кардааст.

Китобҳо