Дар бораи китоб:
Китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11 дар асоси барномаи таълимӣ, ки ҳайати Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст, солҳои 1945–2016-умро дар бар мегирад. Китоб аз ду фасл ва даҳ боб иборат мебошад. Фасли якум хонандаро бо масъалаҳои давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқ, масъалаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 50-80-ум шинос хоҳад кард.