Мағфират Юсуфӣ

Зиндагинома

Мағфират Юсуфӣ 9 майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор зода шудааст.

Фаъолияти эҷодӣ

Агар ба эҷодиёти шоира ва нависандаи тотҷик Мағират Юсуфӣ назар афканем, возеҳ мегардад, ки мавсуф ҳам дар риштаи назм ва ҳам дар ҷиҳати осори бадеӣ муваффақ шудааст. Ӯ нахуст ба арсаи адабиёти тоҷик бо маҷмуаи шеърҳояш таҳти унвони «Гаҳворабони ғам» (2003) ворид гардидааст. Муаллиф сабаби чунин ном гирифтани маҷмуаро ба марги нобаҳангоми ҷигарбанди хеш – Шаҳлои ғӯрамарг мансуб медонад.

«Гули ёс» маҷмуаи дуюми шеърҳои Мағфират аст, ки дар нашриёти давлатии «Адиб» соли 2005 мунташир гардидааст. Зимнан, дар соли 2006 китоби дигари Ӯ бо номи «Дардҳои ниҳон» ба дасти хонандагон мерасад. Дар ин маҷмуа ӯ чанд қиссаю мусоҳибаҳои худро ба ҳаводорони эҷодиёташ пешкаш намуда, майлу машқ ва рағбати беандозаи хешро ба риштаи наср собит менамояд.

«Гӯётар аз садо» (2010), «Печу тоби сарнавишт» (2011) ва «Асири зиндагӣ» (2012) аз маҷмуаҳое маҳсуб мешаванд, ки дар онҳо теъдоди муайяни шеър ва қиссаю ҳикояҳои нобурда гирд омадааст.

Мағфират Юсуфӣ дар таҳияю тартиби адабиёти муфиду арзишманд низ шуғл варзида, осори гаронбаҳоеро ба монанди «Ҳадиси тарбияти бузургсол» (2004) ва «Фоли Ҳофиз» (2009) аз хатти ниёгон ба алифбои кирилӣ баргардон намуда, соли 2012 маҷмуаеро бо номи «Пайки наврӯзӣ» мураттаб сохтааст.

«Тозакориҳои истиқлолият» (2013) аз маҷмуаи дигари мусоҳибаҳои М.Юсуфӣ буда, аз истеъдоди баланди Ӯ дар соҳаи журналистика дарак медиҳад.

Осор