Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият таърих, хусусият ва дурнамои рушд

Монографияи дастаҷамъонаи олимони ДДҲБСТ
Ношир: «Дабир»
Саҳифа: 364
Соли нашр: 2021
Навъи файл: PDF
Ҳаҷми файл: 5,15 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 4 нафар

Дар бораи китоб:

Олимону профессорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият: таърих, хусусият ва дурнамои рушд» монографияи илмиро омода намуданд.

Монографияи мазкур баҳри арзёбӣ намудани дастовардҳои назаррас дар самти таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ бахшида шуда, масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсию ҳуқуқиро инъикос менамояд. Алалхусус, дар монография мавзуъҳои татбиқи ислоҳоти бозорӣ аз оғоз то давраи ҳозира, ҷанбаҳои сиёсии дастовардҳои иқтисодӣ дар хоҷагии миллӣ, иқтидори захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва самтҳои истифодаи он дар солҳои истиқлолият, расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии миллӣ, аз он ҷумла комплекси энергетикаи Тоҷикистон: муаммо, барқароршавӣ ва дурнамо,саноати Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият; ҳолат ва дурнамои рушд, илм ва инноватсияи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, таъмини амнияти озуқаворӣ,  рушди соҳаи кишоварзӣ, комплекси фароғатии иқтисодиёти миллӣ, инфрасохтори  роҳу нақлиёт дар давраи ташаккули истиқлолият ва ғайра бахшида шуда, андеша ва таҳлилҳои олимон мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтааст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *