Дар бораи китоб:
Конференсияи байналмилалии илмӣ – методӣ таҳти унвони “Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим” тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар донишгоҳ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар реҷаи «онлайн» баргузор гардид. Маҷмӯаи мақолаҳои конференсия фарогири масъалаҳои танзими давлатии сифати хизматрасониҳои таҳсилоти олӣ, тартиби гузаронидани машғулияти семинарӣ ва амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нақши равобити илмӣ – байналмилалӣ дар баланд бардоштани сифати таълиму таҳқиқот дар академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти ҳамгироии низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди гузариш ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, аккредитатсияи байналмилалӣ дар низоми баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили фанҳои таълимӣ дар мактабҳои олии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ, аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар раванди аккредитатсияи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳиммияти аккредитатсия дар рушди мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра мебошад.