Китоб ва аҳамияти китобхонӣ дар ҷомеа

Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз,тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки да рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон,устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад.Хушбахтона санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз дар кишвари азизи мо мавқеи махсусеро доро мебошад:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ , пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад, Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост.Воқеан , дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд. Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст».Хушбахтона. ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, маҳзани умеду орзуҳо, раҳнамо ба олами донишҳост. Китоб хубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст.Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Оре, китоб шамъи дили инсон аст. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, хеҷ вақт дар торикиву ҷаҳолати танги зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ мегардонад.

Бо гӯшу забон чӣ хуш бувад фаҳми китоб,
З-ин хомӯшӣ, гӯё,ки китоб асту китоб.

Ҳамасола, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон сухан ронда, таъкид менамоянд,ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст.

Оре, Пешвои миллатамон сухани ҳакро гуфтаанд. Агар имрӯз ҷавонон ба китобхонӣ рӯ наоранд, барои ҳунаромӯзӣ накӯшанд, наметавонанд дар оянда миллати тоҷикро давом диҳанд, чунки ҷавонон ояндаи миллатанд.Бояд гуфт, ки Пешвои Миллат барои наврасону ҷавонон муассисаҳои зиёде бунёд намуданд. Яке аз онҳо Китобхонаи Миллӣ мебошад, ки соли 2011 кушода шудааст. Ҳамарӯза ҷавонону наврасон ба ин муассиса рафта ба хондани китоб машғуд мешаванд.

Бояд шукрона кард, ки мо ҷавонон дар айёми сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ дорем. Аз тамоми шароитҳои муносиб, ки бароямон мухайё намудаанд, хаматарафа истифода бурда, барои илму маърифати замони хеш саҳмгузор бошем.

Ҳурмати илму устоду китоб,
Лозими ин раҳ аст, аз хама боб.

Пас, китоб сармояи ақлу хирад сарвати бебахо кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯст, ки инсонро бо роҳи ростиву росткорӣ хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамо месозад.

 

Суфиева Г. А.
омӯзгори кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

ба номи Абӯалӣ ибни Сино