Китобхонӣ – беҳтарин саргармӣ

Бисёре аз мардум ба хусус ҷавонону наврасон тарҷеҳ медиҳанд, ки вақти худро бо хушгузаронӣ, айшу ишрат ва кор дар тарабхонаву кулубҳо ва монанди инҳо сипарӣ намоянд, аммо инсонҳои бузург худро даргири суол бо ҳастӣ мекунанд, ки ин кор дар фароянде ба номи китобхонӣ ё беҳтар бигӯем мутолиа худро ба намоиш мегузорад. Аз ин ҷост, ки мутолиа барои инсонҳои ҳадафманд навъе аз саргармӣ  мешавад ва онҳоро ба худ машғул мекунад.

Ростӣ! Чиқадар хуб аст, ки миёни ин ҳама лаҳву лаъбҳо ва ҳарзаҳову беҳудагиҳо, китоб саргармии инсон бошад. “Чӣ ҳамдаму ёри хубест китоб! Агар хоҳӣ, латоифи он саргармат кунаду бихандонадат ва гар хоҳӣ, мавоъизи он туро андарз диҳад. Китоб, мӯнисест, ки аз нишоти ту нишот гирад ва бо хуфтани ту бихобад ва ҷуз он чи ту хоҳӣ нагӯядҲамсояе накӯкортар, муошире накӯхисолтар, рафиқе мутеътар, муаллиме пурмоятар, ёре лоиқтару аминтару судмандтару накӯхисолтар ва саргармкунандатар аз он наёбӣ. Агар бадӯ назар кунӣ туро баҳра диҳад, фаҳматро қаввӣ кунад ва илматро бияфзояд”.[1]  Дар ҳақиқат инсонҳои бузург ва бедор бо як тир ду нишонро ҳадаф мегиранд. Ҳам вақти холии худро ба хубӣ пур мекунанд ва ҳам гуруснагии рӯҳиву равонӣ ва фикрии худро ором месозанд.

Азбаски ҳаёт арсаи мубориза аст дар он инсони заъиф ҷой надорад ва ё дар лаҳзаҳои аввалини воридшудан ба майдон, бо шикаст дучор меояд. Онҳое ки аз афкору андешаи амиқтаре бархурдоранд ва аз мероси ҳувияту худшиносӣ огоҳӣ доранд, ҳамеша дастболо ва пирӯзанд. Инчунин, дар барномарезӣ барои расидан ба ҳадаф низ муваффақтаранд. Аз ин рӯ, мутолиаро ҷиддӣ бояд шумурд, зеро даст ёфтан ба огоҳӣ аз ҳувияту худшиносӣ, афкору андешаи амиқ ва барномарезии дақиқ аз мутолиа вобастагӣ дорад.

Дӯсти гиромӣ! Оре, зиндагӣ арсаи мубориза аст, мубориза барои расидан ба зиндагии саодатмандона ва дар он инсонҳои заъиф зуд ба ҳошия ронда мешаванд. Ҳар кӣ қавитару нерӯмандтар аст, бешак, мондагортару муваффақтар хоҳад буд ва ин муборизаву набарди зиндагӣ танҳо бо зӯри бозу ҳосил шуданӣ нест, балки ақлу андеша бузургтарин аслиҳаҳои он мебошанд, пас бояд худро бо силоҳи ақлу андешаи солим мусаллаҳ сохт. Дар навбати худ сарзамини ақлу андешаро танҳо метавон тавассути мутолиаву китобхонӣ саршору сероб  сохт. Дӯсти хубам, пас худро дар арсаи бақо омода намо ва хештанро бо силоҳи тафаккур мусаллаҳ соз, агар омодагиҳои лозимаро касб наменамоӣ пас ба зудӣ шикаст хоҳи хӯрд ва дере намепояд, ки аз ёдҳо зудудаву фаромӯш мегардӣ! Шоири забардаст Маликушшуаро Баҳор дар як қасидаи зебо розҳои бақоро ба риштаи таҳрир дароварда ва чунин мефармояд:

Зиндагӣ ҷанг аст, ҷоно баҳри ҷанг омода шав!

Нест ҳангоми тааммул бедиранг омода шав!

Дар раҳи номуси мулку миллату хешу табор,

Бо нишоти шеру бо азми паланг омода шав!

Баҳри коми дӯстону баҳри табъи душманон,

Дар мақоми хеш чун шаҳду шаранг омода шав.

Ҳосили фарҳанг ҷуз меҳру муҳаббат ҳеҷ нест,

То аз ин фарҳанг ёбӣ фарру ҳанг омода шав.

Чун ҷавонмардон ба якранги масал шав дар ҷаҳон,

Варна баҳри дидани сад реву ранг омода шав.

Гар ба гетӣ илму донишро наҷустӣ ранг ранг,

Тирабахтиро ба гетӣ ранг ранг омода шав.

Эй писар касби ҳунар кун, то ки номовар шавӣ,

В-ар бимондӣ аз ҳунарҳо баҳри нанг омода шав.

Хезу бо варзиш барор ин кисвати зард аз бадан,

Варна чун шалтуки мискин баҳри данг омода шав.

Гар танат бе кору ҷон бевизру дил бе ишқ монд,

Ҳамчу мискинон ба фақру чарсу банг омода шав.

Бо риёзат метавон з-оинаи ҷон бурд занг,

То равад яксар аз ин оина занг омода шав.

Нест мумкин ёси кишвар бе китобу бе туфанг,

Баҳри кишвар бо китобу бо туфанг омода шав.

Даҳр дар ҳар коркарде мезанад занги хатар,

Пеш аз он кояд ба гӯшат бонги занг омода шав.

То расӣ аз росткорӣ бо сари мақсуди хеш,

Зери ин чархи муқаввас чун хаданг омода шав.

Соз чавгоне зи расми Машриқу илми Фаранг,

Пас барои бурдани гӯй аз Фаранг омода шав.

Инак ин майдони варзиш, арсаи илму ҳунар,

Шермардо, ба ғиреву бо ғаранг омода шав!

Соли таърихи биноро зад рақам килки Баҳор,

Зиндагӣ ҷанг аст ҷоно, баҳри ҷанг омода шав!

Дӯсти хубам! Мутолиа инсонро аз асорат ва ғуломии боварҳои ғалат раҳоӣ мебахшад, ба инсонҳо озодии фикру шуур ва андеша медиҳад ва рамзу рози зиндагии шарофатмандонаро ба армуғон меоварад. Мутолиа шодиву нишоти ҳаёт аст ва насими бедорӣ меофаринад. Инсоне, ки аҳли мутолиа аст ба ҷойгоҳу мавқеи инсонии худ пай бурда, ҳисори торики ҷаҳлу нодонӣ ва бесаводиро пора-пора мекунад. Биноан, агар мехоҳӣ қалъаи беҳудагиро шикаста, марзҳои бефоидаи ҳаёти рӯзмараро гузарӣ ва дар дунё сухане барои гуфтан дошта бошӣ, аслан бидонӣ, ки “чӣ бояд кард?” худро бояд бо силоҳи фикру андешаи солим тавассути китобу мутолиа мусаллаҳ намоӣ.

Мутолиа кардан, яъне беҳтару бештар донистан ва беҳтар донистан, яъне беҳтар сухан гуфтан, беҳтар андешидан ва беҳтар амал кардан аст ва чӣ касе ёфт мешавад, ки ба ин хусусиятҳо эҳтиёҷ надошта бошад!? Мутолиа кардан мубориза бо танҳоиву беҳудагиҳои одамист, ки хонандаро маҷбӯр мекунад, то дари хонаи дигарерро бикӯбад, аз дигаре кӯмак бихоҳад умуман бо ҷомеа робитаи мустақим дошта бошад ва аз худу танҳоӣ ва фориғии худ берун биёяд. Мутолиа паёми бедорӣ, якпорчагӣ ва омили рушду тараққӣ аст. Онгоҳ, ки қалби инсонӣ аз ҳама оламу оламиён мегирад ва замин бо тамоми паҳновариву вусъаташ ба назар тираву тор мегардад, ҳамсӯҳбату ҳамнишине беҳтар аз китоб нахоҳӣ ёфт. Дар ин миён “беҳтарин сухани гӯёну ёрон китоб аст ва онгоҳ, ки дӯстон танҳоят ниҳанд, метавонӣ ба он саргарм шавӣ. Агар ӯро ҳамрози хеш қарор диҳӣ сирри туро фош намекунад ва бо китоб аст, ки метавон ба донишу некиҳо дастёфт”.[2] 

Шоири варзида, мутафаккири бузург, адиби шинохта Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ шояд рӯзгореро дар кунҷи танҳоиву хилват сипарӣ менамуд ва ҷуз китоб анису ҳамдаме надошт ва ё шояд ҳам барои мо наслҳои баъдӣ тавсия мекунад, ки вақти гаронбаҳои худро беҳуда нагузаронем ва китобро анису ҳамдами танҳои хеш қарор бидиҳем, то ба ин васила офтоби доноӣ бо фурӯғҳои дурахшон тулӯъ намояд ва сарзамини ақлу андешаро нурпошӣ кунад. Зеро китоб омӯзгорест, ки бе ягон хел музду меҳнат тамоми доштаҳояшро дар ихтиёрӣ мо қарор медиҳад.  Он ҷо ки мефармояд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи донои китоб аст.

Бувад бе музду меҳнат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳардам кушоде.

Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,

Ба қиммат ҳар варақ з-он як табақ дур(р).

Зи якрангӣ ҳама ҳам рӯву ҳам пушт,

Гар эшонро занад кас бар лаб ангушт.

Ба тақрири латоиф лаб кушояд,

Ҳазорон гавҳари маънӣ намояд.

Хонандаи азиз! Мутолиа бӯҳронҳоро мудирият ва ҳаллу фасл мекунад, ҳамчунин пешгирӣ намудани фоҷиаҳо дар он нуҳуфтааст. Оре, мутолиа боиси ғизодиҳии фикрӣ, рӯҳӣ, равонӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии як ҷомеа хоҳад шуд. Китоб дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ аз аҳамияти хоссае бархурдор аст ва ҳамаи бузургонӣ таърихи башар аз роҳи китоб ҷовидона мондаанд.

Касе ки аҳли мутолиа аст, камтар ғамгин мешавад, камтар эҳсоси сардаргумӣ ва беҳадафӣ мекунад, оромиши рӯҳиву равонии бештар дорад, зиндагии шодтару ҳадафмандтар дорад, ба чунон рушду нумӯи ақливу фикрӣ мерасад, ки роҳҳои зиндагии моддиву маънавиро беҳтар дарк мекунад.  Касе ки вақтҳои холӣ ва истироҳат ба мутолиа машғул шавад, бегумон фурсати ҳар навъ гуноҳ, беҳудагӣ, ҷиноят, суханчинӣ ва танбалиро аз худ дур мекунад ва аз азоби рӯҳие, ки дар пайи ҷиноят ва гуноҳ сармезанад наҷот меёбад, дар натиҷа аз саломатӣ ва беҳдошти равонии бештар бархурдор мегардад.

Санҷар АБӮНАСРПУР

[1] Таърихнигори исломӣ Абулҳасан Алӣ бин Ҳусайн ал-Масъудӣ

[2] Сиёсатмадор ва таърихнигори тоҷик-форс  Абулфазл Байҳақӣ