Дар бораи китоб:
Дар дастур маълумоти мушаххас оид ба таърих, давраҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти илмиву методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, библиографӣ ва байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ҳамзамон масоили ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои муътабари фонди тиллоии китобхона ва ҳаёти имрӯзаи он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дастур ба донишҷӯёну омӯзгорони мактабҳои олӣ ва муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ таъйин шудааст.