Картошка ва парвариши он дар Тоҷикистон

Муаллиф:  Партоев Қ., Салимов А., Каримов Б.
Ношир: «Ирфон»
Саҳифа: 180
Соли нашр: 2014
Навъи файл PDF
Ҳаҷми файл: 2,03 Мб
Гирифтани китоб
Гирифтанд: 518 нафар

Дар бораи китоб:

Дар китоб натиҷаҳои корҳои илмии дар муддати бештар аз 30 сол оид ба омӯзиши зироати картошка, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронидашуданд пешкаш гардидаанд. Муаллифони китоб доир ба таърихи пайдоши ин зироат, тавсифи биологии он, омилҳои асосии сабзиши картошка, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин тавсифи нишонаҳои навъҳои картошка ахбори муфассали илмӣ пешкаш намудаанд. Дар китоб махсусан доир ба технологияи парвариши картошка дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус оид ба парвариши картошкаи барвақтӣ, картошкаи дар тобистон киштшаванда ва картошказори дерӣ, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии кишвар парвариш карда мешавад, маълумотҳои зарурӣ омода сохтаанд. Инчунин аз натиҷаҳои ба дастоварда дар бахши селексия ва тухмипарварии ин зироати зарурии кишоварзии мамлакат, оид ба минтақаҳои тухмипарварии солими картошка, истифодабарии тухмакҳои ботаникӣ, касалию зараррасонҳои картошка ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо маълумотҳои илман асоснок тавсия шудаанд.

Китоби мазкур барои ходимони илм, биологҳо, селексионерон, тухмипарварон, унвонҷӯён (аспирантҳо), донишҷӯён, мутахассисони бахши кишоварзӣ ва деҳқонону картошкапарварон пешкаш мегардад.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.