Қиёмиддин Миралиён

Қиёмиддин Миралиён ба беш аз 220 дастовардҳои илмию амалӣ ноил гардидааст. Муаллифи 10 монография ва китобҳои таълимӣ, 80 дастурҳои методию амалӣ, 155 мақолаҳо, аз ҷумла 22 мақолаҳои илмӣ, ки дар нашрияҳои Рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия нашр гардидаанд (барои маълумоти бештар ниг. ба https://miraliev.com/).

Қиёмиддин Миралиён 6 сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик. Соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ба факултаи математика дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси «Математик» хатм менамояд. Дар давоми донишҷӯӣ бо дарназардошти фаъолнокӣ / аълохонӣ ба сифати аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳ ва шунавандаи мактаби математикони факулта интихоб гардида, фаъолияти хуб нишон додааст.

Баъди хатми Донишгоҳ бо дарназардошти муваффақиятҳои бадастоварда, фаъолнокӣ, аълохонӣ ва қобилиятнокӣ Қиёмиддин Миралиён дар факултаи математика ба ҳайси омӯзгор таъин гардида, ҳамагӣ баъди се моҳи фаъолият ба мансаби мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ таъин мегардад. Фаъолияти касбии сиёсии Қиёмиддин Миралиён аз ҳамин лаҳза оғоз мегардад. Дар донишгоҳ дар ҳамин мансаб, ҳамзамон омӯзгори фанни геметрияи тасвирӣ (ба сифати ҳамкор) давоми ду сол (солҳои 1999-2001) фаъолият менамояд. Дар ин муддат таъсиси Маркази ҷавонони Донишгоҳ, Маҳфили волонтёрон «Фидоиёни ҷавон», ташкили тими ҳозирҷавобон (КВН) «Леваканд» ва қабули Барномаи рушди ҷавонон Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппаро ташаббус мекунад.

Соли 2001 бо дарназардошти дастовардҳои муносиб дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ба вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) даъват / таъин мегардад (ба таври гузариш). Дар ин вазифа низ муддати зиёд намонда, бинобар саҳми шоиста ва фаъолнокӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳи ноябри ҳамин сол ба шаҳри Душанбе – пойтахти мамлакат ба вазифаи мутахассиси Идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба таври гузариш) даъват мегардад.

Дар баробари ин, дар ҳамин сол (2001) ба Шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар бахши сиёсатшиносӣ дохил шуда, ба таҳқиқи илмии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон машғул мегардад. Рисолаи номазидашро дар мавзӯи «Ҳолат ва пешомадҳои ташкилотҳои ҷавонон дар Тоҷикистони муосир» 19 майи соли 2007 ҳимоя менамояд.

Соли 2002 ба зинаи роҳбарикунанда – ба мансаби Директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон таъин мегардад. Дар ин вазифа ба корҳои таҳлилу иттилоотӣ, оморӣ, мониторинг ва лоиҳасозии соҳаи кор бо ҷавонон машғул гардида, ба дастовардҳои зиёде, аз қабили ташкили омори сиёсати давлатии ҷавонон, таъсиси марказҳои ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ва ғайра ноил мегардад.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти дастовардҳо ва салоҳиятнокӣ, аз ҷумла кордонӣ, фаъолнокӣ ва қобилиятнокӣ мунтазам дар мансабҳо боло меравад: солҳои 2006-2007 дар мансаби сардори Идораи робитаҳои хориҷии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 дар мансаби мудири Шӯъбаи сиёсати иҷтимоӣ ва солҳои 2012-2014 дар мансаби муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳамин Кумита фаъолият менамояд.

Соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2014, №275 ба мансаби муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. 

Аз 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аз рӯйхати Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон, ба мансаби олии сиёсӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум) интихоб мегардад.

Аз 21 феврали соли 2020 ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардидааст. 

Қиёмиддин Миралиён тадқиқоти илмиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тақвият бахшида, дар давоми панҷ сол (2013-2018) рисолаи докториро бо назардошти натиҷаҳои илмии назариявию методологӣ омода месозад. Рисолаи докториро дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва технологияҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамояд.

Қиёмиддин Миралиён ба беш аз 220 дастовардҳои илмию амалӣ ноил гардидааст. Муаллифи 10 монография ва китобҳои таълимӣ, 80 дастурҳои методию амалӣ, 155 мақолаҳо, аз ҷумла 22 мақолаҳои илмӣ, ки дар нашрияҳои Рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия нашр гардидаанд (барои маълумоти бештар ниг. ба https://miraliev.com/).

Қиёмиддин Миралиён бо дарназрдошти дастовардҳои илмӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон соли 2009 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника сарфароз гардонида шудааст.

Барои фаъолнокӣ дар самти қонунгузорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2017 аз ҷониби Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ бо Нишони хотиравии «МПА СНГ. 25 лет» сарфароз гардонида шудааст.  

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

Китобҳо