Камоли Хуҷандӣ

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

Зиндагинома

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.

Леонард Луизoн дар бораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ

Эзоҳот:Леонард Луизон (соли тав. 1953) исломшиноси амрикоӣ, мавлонопажӯҳ ва пажӯҳишгари адабиёти форсӣ буда, узви бунёди мероси Эрон дар бахши адабиёти классики форсӣ ва сӯфия дар депортамони мутолеоти исломӣ ва арабии Донишгоҳи Эксетеи Ингилистон ва сардабири маҷаллаи «Мавлоно Ревив» аст.

Аз Хуҷанд то Табрез

Хуҷанд зодгоҳи Камол – шоири эронӣ, ки шаҳрест дар канораи рӯди Сайҳун дар сарзамини таърихии Мовароуннаҳр. Ҳамон шаҳр, ки юнониён онро Александрошото меномиданд ва дар иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ Савиятобод ном гирифта буд, имрӯз ҷамъияте наздик ба 140 ҳазор нафар дорад. Дар садаи чаҳордаҳум мусофирон масофати Хуҷанд то Самарқанд – пойтахти имперотурии Темурилангро бо шутур даҳрӯза мепаймуданд. Ба навиштаи Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» Камол соле чанд аз ҷавониро дар шаҳри Шуш, дар Ӯзбекистони кунунӣ, дар маҳзари орифе ба номи Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ, ки аз ӯ донистаҳо чандон нест, ба шогирдӣ гузаронид. Аммо манобеи муътабари дигар, чун «Равзот-ул-ҷинон» (таълифи Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ машҳур ба Ибни Карбалоӣ) ишорае ба ин шаҳр ё ошноии Камол бо Хоҷа Убайдуллоҳ накардаанд. Аммо Ибни Карбалоӣ, ки ҳеч гоҳ аволими рӯҳиро дар зиндагии орифон нодида намегирад, ба достони дигаре дар ин маврид ишора кардааст: «Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки ҳазрати Махдуми муқаддас, қуддиса сирруҳу, мефармуданд, ки ҳазрати Шайх Камол… дар авоили ҳол, ки дар Хуҷанд ташриф доштаанд, ба риёзоту муҷоҳидаи тамом ба сар мебурдаанд ва эшонро ҳолоти ғариб рӯй намуда буда. Ва падари эшонро ҳамин як писар буда ва мехостанд, ки вайро кадхудо созанд. Мушорун илайҳиро чандон рағбате бо он набуда, то ин ки ба воситаи иброму илҳоҳи падар розӣ гаштаанд ва духтар ба никоҳи эшон даровардаанд, то дар шаби зифоф ба расми маъҳуд пеши завҷаи худ рафтаанд…».[1]

Гарчи дар мавриди иқомати кӯтоҳи Камол дар шаҳри «Шуш» ё дар *«Сарой» манобеи мувассақе дар даст нест, иқоматаш дар Табрез, ки то поёни умр буд ва мавриди таъйиди ҳамаи маохизи таърихӣ аст, аз аҳамияти вижаи таърихиву фарҳангӣ бархурдор аст. Зиндагӣ дар Табрез ва табъид ба Сарой. Пас аз Шерозу Самарқанд Табрез яке аз се қонуни аслии фарҳангии Эрон дар садаи понздаҳум ва афзун бар он, пойтахти кишвар дар бештари даврони зиндагии Камол буд. Гарчи дар даврони зиндагии Камоли Хуҷандӣ Табрез ҳукмронони гуногун бар худ дид ва борҳо дар ҷанг ба муҳосираи сипоҳиёни фармонравоёни музаффарӣ, ҷалоирӣ, туркман ва темурӣ даромад, ӯ бо Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир (776-84ҳ.) равобите некӯ дошт. Дар ин бора Давлатшоҳи Самарқандӣ менависад, ки Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт, бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард. Ин манзил, ки хонақоҳи сӯфиён шуд, боғе бузургу маҳсур дошт ва дар нимфарсангии Табрез дар Валиёнкӯҳ бино шуда буд. 

Аммо вай ҷой-ҷой аз табъиди худ ба Сарой ба талхӣ сухан мегӯяд. Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез бидуни тардид муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст. Камоли Хуҷандӣ дар ин вайрониву куштор ва чи басо дар эътироз ба он абёте сурудааст. Дар ин абёт шоир ба Мирвалӣ, яке аз мудофиони Табрез дар баробари сипоҳиёни шоҳзодагони Ҷағатоӣ ва фармондеҳи сипоҳиёни Табрез дар даврони Султон Аҳмади Ҷалоир ишорае карда, ки ҳокӣ аз душмании жарфи ӯ бо шахси Туқтамиш аст. 

Ашъори шоир

Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.

Равшан аст, ки Камоли Хуҷандӣ, ҳаммонанди бисёре аз шоирони он рӯзгор ба Табрез – шаҳри оғушта ба «таб» дилбастагии фаровон дошт. На танҳо шоирон, ки сӯфиёни он даврон, аз ҷумла ҳуруфия Табрезро шаҳри маълуфи худ мешумурданд. Фазлуллоҳи Астарободӣ (740-796 ҳ. / 1339-1393 м.) – пешвои ҳуруфия, Табрезро ба унвони шаҳри мазҳабиву ирфонӣ аз Макка бартар медонист. Аммо макон дар шеъри Камол, ҳаммонанди шеъри ағлаби шоирони мутасаввиф ҳайтае даруниву равонӣ аст, ки дар он шаҳрҳо қонуни худогоҳиву қаламрави ҷонанд ва на падидаи моддӣ, ончунон ки дар шеъри шоирони «воқеъгаро» метавон ёфт. Ашк аз Димишқи дида зи савдои Мисри дил, Монанди сели Даҷлаи Бағдод меравад. Камоли Хуҷандӣ дар бисёре аз сурудаҳои худ мадеҳасароро ба хотири мақомхоҳӣ ва имтиёзталабии онон ба боди интиқоду эътирози худ мегирифт…

Ривоят аз рӯзгорӣ шоир

Достони зер аз Ибни Карбалоӣ дар бораи муршидаш Амир Сафиуддиншоҳи Муҷтабо (даргузашта ба 983 ҳ. /1575 м.) намунае аз афсонаҳоест, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ пардохта шуда:

«Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки дар таърихи иҳдо ва арбаъина ва тисъумиа (941ҳ./1534м.), ки румия ба Табрез омада буданд, мардумро андешаи тамом буд, ки лашкари бегонаанд, мабодо, ки қатли ом кунанд ё наҳбу ғорату сабӣ намоянд. Ва дар он валомарази тоун низ дар миёни мардум буд. Аз он низ андешаи тамом буд, ки охир чи шавад? То рӯзе байназзуҳрайн азизе, аҳли диле, Мавлоно Абдуллоҳ ном, ташриф оварданд ба манзили мо ва фармуданд, киимрӯз чун намози зуҳр гузоридам, бар сари саҷҷода маро ғайбате шуд.

Дидам, ки манзили васеъе аст, бар болои он манзил ҷое, ки садрхона аст, пири басафое нишаста. Мегӯянд, ки ин Шайх Камоли Хуҷандӣ аст. Дар ин асно, шахси дигар ба ин маҷлис дармеояд, Ҳазрати Шайх ба таъзими вай нимхез мешаванд. Касе мегӯяд, ки ин султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ аст. Баъд аз он ҳазрати Шайх Камол мефармоянд, ки мо понсад касем, ки муҳофизати ин шаҳр мекунем, ки балое нозил нашавад ба ин ҷо ва ба султонулорифин мегӯянд, ки шумо низ аз он ҷумлаед. Чун ин фармуданд, маро ифоқат рӯй намуд. Филфавр ба мулозимати шумо омадам, ки ин воқеаро маъруз дорам; иншоаллоҳу таоло ташвише нахоҳад буд. Ончунон шуд, ки он азиз гуфта буд, ҳеч гуна балия рӯй нанамуд».

Ёдбуди Шоир

Соли 1996 пайкараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст. (муаллиф — Камолидин Нурматович Надиров).

Собиқ Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд баъд аз соҳиб гардидан ба истиқлоли Тоҷикистон ба номи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ иваз карда шудааст.

Боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, дар шаҳри Хуҷанд 21 марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт.

Осор
Осори марбут ба рӯзгору пайкори муаллиф